Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Мавлуда ҲАИТОВА, ҳунарманд аз шаҳри Турсунзода

— Аз корманди оддӣ то ба вазифаи директор дар соҳаҳои мухталиф кор кардам. Хеле чизҳоро аз даст додам ва низ ба дастовардҳо ноил шудам. Ягона чизе, ки касе аз ман гирифта натавонист ва наметавонад бигирад, ин ҳунари ман аст.

— Ин қадар зудбовар нашавед, боз ҳадафи чашми ҳасудон қарор нагиред. Дунёи бахилону ҳасудон ғализ аст, кӯшиш мекунанд ҳатто ҳамон ҳунарро ҳам аз соҳибаш бигиранд.

Нуъмон ҒАФУРОВ, наққош аз шаҳри Истаравшан

— Чун бобои падариам кулолгар ва бобои модариам мисгар буданду дар кӯзаву табақ ва ҳар чизи офаридаашон аз нақшҳои гуногун истифода мебурданд, ба эҷодашон бо шавқ нигариста, мехостам мисли онҳо ҳунарманд шавам.

— Пас чаро имрӯзҳо аз зарфҳои чиниву ким-кадом давлати дигар истифода мебарем? Ё нафаре нест, ки ба эҷодатон бо шавқ нигараду мисли шумо ҳунарманд шавад?

Санора КИРСАНОВО, ҳунарпешаи тоҷики муқими Русия

— Касоне ҳастанд, ки аз ман пуштибонӣ мекунанд, аммо боз ҳастанд афроде, ки аз ояндаи ман шакку шубҳа доранд. Аммо ман як хислати қавӣ дорам — бароям ҳаргиз муҳим нест, ки мардум дар мавриди ман чӣ фикр дорад.

— Ана ҳамин коратон он қадар хуб не-дия! Нисбати фикри мардум беаҳамиятӣ кардан гиред, шояд ҳамон нафарони пуштибон ҳам аз пуштибонӣ даст кашанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *