Нурулло Алиеви тоҷик бо Матеуш Ребетскии лаҳистонӣ набард мекунад

Нурулло Алиев, размикори шинохтаи тоҷик муҳорибаи навбатии худро бо Матеуш Ребетскии лаҳистонӣ баргузор мекунад. Муҳориба 11-уми ноябри соли 2023 дар доираи мусобиқоти UFC 295 дар назар дошта шудааст.

Матеуш Ребетски 30-сола буда, 18 пирӯзӣ ва 1 бохт дорад. Ӯ дар мусобиқоти UFC ду муҳориба баргузор карда, дар ҳардуяш ғалаба кардааст. Нурулло Алиев дар мусобиқоти UFC як муҳориба гузаронида ва дар он ғалаба кардааст. Ин дуюмин рақобати Нурулло Алиев дар UFC мебошад. Алиев дар нахуст набард рақиби бразилӣ Рафаэл Алвесро шикаст дода буд. Дар ин қувваозмоӣ ӯ ғалабаи таърихӣ ба даст оварда, аввалин размикори тоҷик дар ташкилоти UFC шуд.

Нурулло Алиев, ки ӯро мухлисонаш “Уқоби тоҷик” низ меноманд, 22 сол дошта, то имрӯз дар ташкилоти Fight Nights Global меҷангид. Ӯ то имрӯз ягон бохт надорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *