Омӯзгори сол интихоб шуд

Омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар Литсейи №3 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе Сиротулло Зоиров дар даври шаҳрии Озмуни ҷумҳуриявии «Омӯзгори сол-2023» ғолиб дониста шуд.

Сиротулло Зоиров номзади илмҳои педагогӣ, сазовори ҷойи дуюм дар даври ҷумҳуриявии озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯйи номинатсияи «Хондан ва аз ёд намудани осори адибони классик» мебошад.

Ҳайати ҳакамони озмун дар дарсҳои намунавии довталабон аз рӯи ихтисос иштирок намуданд. Ҳамзамон довталабон таҷрибаи кории худро муаррифӣ намуданд.

Сиротулло Зоиров фаъолияти хуби корӣ дошта, 10 шогирдаш дар даври ноҳиявӣ (4 медали тилло, 4 медали нуқра, 2 медали биринҷӣ), даври шаҳрӣ (1 медали тилло, 4 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ) ва дар даври ҷумҳуриявӣ (2 медали тилло, 1 медали нуқра, 5 медали биринҷӣ)-и олимпиадаҳои фаннӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шудаанд.

То инҷониб муаллифи 3 дастури методӣ — «Мавзуҳои коркардшуда барои соатҳои тарбиявӣ», «Ҳувият», «Боргоҳи маърифат», 1 маҷмуаи шеърҳои «Номаи нахустин» ва 36 мақола мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *