Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Алишер ҶУМЪАЕВ, рассом, наққош ва ҳайкалтарош
— Ҳар минтақа саллаву тоқиҳои зебои ба худ хос дошт. Дар баробари он ки занҳои мо дорои зару зевар буданд, мардҳо низ бозубанду ангуштарӣ ва маснуоти зиёди заргарӣ доштаанд, ки нишони қуввату қудрати онҳо буд.
— Мабодо шумо хоҳиши баргаштан ба ҳамон солҳоро надошта бошед, ҷаноб!? Охир, ҳоло замонаро давраи илму технология мегӯянд-ку! Ҷавононро дар ин руҳия тарбия кардан беҳтар нест?
Моҳрухсор САФИЕВА, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон
— Бо дидани баъзе унвондороне, ки баъди ту рӯи саҳна омадаанду бо сохтакориҳо ба чизе расидаанд, як зарра нороҳатӣ пайдо мешавад. Аммо бо вуҷуди ин дар ин бора зиёд фикр намекардам.
— Камтар иғроқ шуд, андаке воҳима кардед, муаллима. Агар аз сохтакориҳои он “баъзе” унвондорҳо зиёд фикр намекардед, ягон зарра нороҳатӣ пайдо намешуд…
Абдуқаҳҳори СУЛАЙМОН, омӯзгори фанни физика
— Ҳар нафаре, ки ба касби омӯзгорӣ шавқу рағбат дорад ва онро сидқан дӯст медораду барои такмили донишу маҳораташ ҳамеша пайи омӯзиш ҳаст, аз касбаш ифтихор мекунад ва аз ин касб соҳиби иззату обрӯ мегардад.
— Сад фоиз дуруст! Омӯзиши пайваста ва такмил додани донишу маҳорат дар ҳама марҳилаҳо сутуда мешавад. Аммо, агар шогирдон ҳурмати омӯзгорро ба ҷой оранд, дучанд ифтихор мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ