Бинои нави Сафорати Узбекистон дар Тоҷикистон ифтитоҳ шуд
Имрӯз, 19 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар маросими ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд.
Нахуст, Сарони давлатҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо буридани лентаи рамзӣ бинои нави сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанберо расман мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Сипас, ба ифтихори ифтитоҳи бинои сафорат ва ташрифи Сарони давлатҳо сурудҳои миллии Тоҷикистон ва Узбекистон садо дод.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев аз маҷмааи сафорат боздид ба амал оварда, дар китоби меҳмонони олимақом бо орзуву ниятҳои нек ба хотири таъмиқи муносибатҳои дӯстӣ, бародарӣ ва ҳамҷаворӣ байни ду кишвар соядаст гузоштанд.
Мавриди зикри хос аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон 22 октябри соли 1992 барқарор шуд.
Дар шаҳри Душанбе сафорати Ҷумҳурии Узбекистон ва дар шаҳри Тошканд сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ