Бишкек ба Душанбе пайравӣ кард, аммо имтиёз дод
Шуруъ аз 1 ноябр роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Бишкек боло рафт. Аммо нақлиёти ҷамъиятӣ дар ин шаҳр ба нафақахӯрон ройгон хизмат мерасонанд.
Бино ба қарори шаҳрдори Бишкек, ки охири моҳи сентябри соли ҷорӣ қабул шуда буд, роҳкиро дар автобусу троллейбусҳо аз 8 соми кунунӣ ба 11 сом ва дар минибус ё «маршрутка»-ҳо аз 10 соми кунунӣ рӯзи 1 ноябр ба 15 сом мерасад.
Дар маршруткаҳо нафақахӯрон аз 8 –и субҳ то 9 –и шом ҳақ доранд, ки ройгон равуо кунанд.
Русланбек Оқилбек, муовини раиси шаҳри Бишкек гуфт, ки гарон шудани роҳкиро талаби вақт буд ва мақомоти шаҳр аз «беилоҷӣ» ба гароншавии он иҷоза доданд.
Болоравии нархи роҳкиро дар шаҳри Бишкек дар ҳолест, ки шуруъ аз 10 -уми ноябри соли равон дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе низ арзиши роҳкиро боло меравад. Мақомоти танзмиму назорати нарз дар Душанбе ин тасмимро ҳанӯз 1 моҳ қабл гирифта буданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ