Роҳкиро дар Душанбе. Аз арзиши аслӣ то тахфиф дар City Card

Аз 10-уми  ноябри соли равон арзиши роҳкиро дар нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Душанбе боло меравад. Дар робита  ба ин тарифҳои City Card низ тағйир меёбанд.

Нархи роҳкиро дар Душанбе чунин хоҳад шуд:

автобус – 1 сомонию 80 дирам  бо пардохт тариқи корт (бо пули нақд – 2 сомонию 5о дирам);

троллейбус – 1 сомонию 50 дирам бо корт (2 сомонӣ бо пули нақд);

микроавтобусҳо (маршруткаҳо) – 2 сомонию 50 дирам;

— як километри роҳкиро дар таксӣ — 3 сомонӣ.

Тахфифҳо барои донишҷӯён ва наврасон

Ғайр аз ин, дар City Card тарифи бо тахфиф барои донишҷӯён ва наврасон вуҷуд дорад.

«Наврас» — дар автобус – 90 дирам, дар троллейбус – 75 дирам. Ин тарифҳо барои кӯдакони синни аз 5 то 12-сола пешбинӣ шудааст.

«Донишҷӯ» — дар автобус – 1 сомонию 26 дирам, дар троллейбус – 1 сомонию 5 дирам. Ин тарифҳо барои донишҷӯёни макотиби олии пойтахт пешбинӣ шудааст. 

«Тахфифӣ» — дар автобус – 1 сомонию 53 дирам, дар троллейбус – 1 сомонию 28 дирам. Тарифи мазкур ҳангоми пур кардани тавозун (баланс)-и корт ба маблағи зиёда аз 90 сомонӣ фаъол мешавад.

Ҳамчунин, дар City Card метавон чиптаи нимсола ё яксолаи роҳкиро дар автобус ва тролеейбусро харидорӣ намуд. Акнун ин чиптаҳо  бо тарифҳои зерин фурӯхта мешаванд:

Барои 6 моҳ:

  • мактабхон – 150 сомонӣ;
  • донишҷӯ – 200 сомонӣ;
  • шаҳрванд – 300 сомонӣ.

Барои 1 сол:

  • мактабхон – 200 сомонӣ;
  • донишҷӯ – 350 сомонӣ;
  • шаҳрванд – 500 сомонӣ.

Корти ягонаи City Сard –ро метавон дар терминал ё фурӯшгоҳҳои воқеъ дар назди истгоҳҳои нави нақлиёти ҷамъиятии Душанбе харидорӣ кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *