Биёед, ба консертҳои идона!

Бино ба иттилои Вазоарти фарҳанги Тоҷикистон, 9 сентябри соли равон бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе баргузории ҳамоишҳои гуногуни консертию ҳунарӣ ба нақша гирифта шудаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, шоми рӯзи ид соати 19:30 дар Наврӯзгоҳи пойтахт барномаи муҳташам ва мутантани фарҳангӣ бахшида ба 27-умин солгарди Истиқлолияти Тоҷикистон таҳти унвони «Тантанаи Истиқлол» баргузор мегардад.

Инчунин, субҳи 9 сентябр соати 9:00 дар боғи навбунёди фарҳангиву фароғатии ба номи Фирдавсӣ, боғи ба номи С. Айнӣ, майдончаи фарҳангиву фароғатии воқеъ дар хиёбони А.Сино ва майдони 800-солагии Москва барномаҳои консертӣ баргузор мегарданд.

Шоми рӯзи 9 сентябр барои сокинон ва меҳмонони шаҳр, соати 18:30 дар Боғҳои Ирам, Фирдавсӣ, Парчами давлатӣ ва боғи ба номи С. Айнӣ барномаҳои ҳунарӣ баргузор карда мешавад.

Вазорати фарҳанг таъкид намудааст, ки шоми 8 сентябри соли равон низ соати 18:30 дар боғҳои Фирдавсӣ, С. Айнӣ, Парчами давлатӣ ва майдони 800-солагии Москва барномаҳои идона ташкил карда мешаванд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *