50 метр фосила миёни Тоҷикистон ва «Толибон»

 

…Деҳаи Нусайи Афғонистонро  аз минтақаи Дарвози Тоҷикистон ҳамагӣ 50 метр масофа  ҷудо мекунад ва он  низ иборат аз рӯди Панҷ аст, ки дар  ин ҷо соҳилҳояш ба ҳам хеле  наздиканд.

Ин  рӯди пуршӯр, ки ҳазорон сол инҷониб  ҷорист, новобаста аз ҳаводиси давр, бепарвоёна рӯ ба водиҳо  овардааст. Панҷи  чандинҳазорсола дар ин минтақа  тӯли мавҷудияти худ шоҳиди  ҳодисаҳое гардидааст, ки ҳатто дар ёди таърих намондааст. Танҳо дар дусад соли охир ин рӯд  борҳо шоҳиди рафту баргашти ҳокимону шоҳони Дарвоз  гардида, борҳо аз як ҳукумат ба ҳукумати дигар тақдим гардидааст ва ё аз ҷониби аҷнабиён тасарруф шудааст. Бори охир соли 1895,  қабл аз инқилоби коммунистии Октябр  Дарвозро ҳукуматдорони инглису рус ба ду  қисмат ҷудо карданд, ки соҳили чапи Панҷ  ба Афғонистон ва соҳили росташ ба Аморати Бухоро дода шуд. Пас аз инқилоб, соҳили рости дарё  аз соли 1930 то ҳол яке аз ноҳияҳои  Вилояти Худмухтори  Бадахшон аст.Аммо тақдири соҳили чапи Панҷ то имрӯз аз соҳили рост ба куллӣ фарқ мекунад. Дар он ҷо то имрӯз  як ҳукумати марказӣ ва таъсиргузоре мавҷуд нест ва  қариб чил сол боз деҳаи Нусай гоҳ зери ҳукмронии ҳукумати Кобули коммунистӣ , гоҳе муҷоҳидони Аҳмадшоҳ, гоҳе «Толибон» ва гоҳе ҳам бесоҳиб буду ҳаст.Сокинони деҳ мегӯянд,ки як муддате, ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон буд, онҳо нафаси озод кашидаанду халос .  Инак, чанд рӯз пеш хабаре расид, ки ин деҳа дар қатори чанд деҳаи дигар  зери тасарруфи гурӯҳи Толибон (ҳаракати дар Тоҷикистон мамнӯъ) қарор гирифтааст.  Тавре ки аз хабарҳо бармеояд, гурӯҳи “Толибон” дар ин шабу рӯз дар минтақаҳои шимоли Афғонистон хеле фаъол гардидаанд. Ҳарчанд ҳукумати ин кишвар сари ҳар вақт аз бозгашта гирифтани минтақаҳои  тасарруфшуда хабар медиҳад, аммо бояд гуфт,  ки чунин хабарҳои оромкунанда  муваққатианд ва пас аз муддате боз ҳам  “Толибон” ва  ё гурӯҳҳои дигар ба мисли ДИИШ  (дар Тоҷикистон мамнӯъ) дубора  ин минтақаҳоро зери тасарруфи худ медароранд. Чунин аҳвол ҳанӯз дар замоне ки Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон буд, мушоҳида мегардид, ки муаллифи ин сатрҳо шоҳиди он буд. Масалан, соли 1985 қувваҳои шӯравӣ вулусволии Фархори Афғонистонро дар як сол  панҷ маротиба озод намуда, ба дасти ҳукумати вақти Афғонистон супориданд, вале қувваҳои ҳукумат онро ҳамагӣ як ҳафта ва ё каме бештар аз он нигоҳ дошта метавонистанду халос. Боз амалиёт, боз озодкунӣ ва… боз ақибнишинии ҳукумат. Инак, қариб   чил сол боз ин ҳолат идома дорад ва дар охири ин туннел ҳанӯз равшание дида намешавад…

Тавре иттилоъ дода будем, ду ҳафта пеш як гурӯҳи дувоздаҳнафара (то ҳол маълум нест, ки онҳо “Толибон” буданд ва ё савдогарони “марги сафед”) аз сарҳад убур намуда, сокинони осоиштаи Фархори Тоҷикистонро ҳадафи ҳамла қарор доданд. Ин бошад, паёмади марговареро болои онҳо бор кард ва чанд тан бар асари бомбаборони “тайёраҳои Худо” кушта шуданд ва …то ҳол дар ин минтақа дигар оромист. Алъон дар Дарвоз ҳам оромӣ аст ва сокинони минтақаи мазкур мегӯянд, ки дар он тарафи сарҳад ягон ҳаракати хавотиркунандаеро мушоҳида накардаанд. “Толибон” дар минтақаҳои сарҳадие, ки зери назарашон аст, қувваҳои худро он қадар ба намоиш намегузоранд ва гӯё ҳама кор хуб аст. Аммо то кай?

Тавре муфассирон мегӯянд, ки  як сабаби дар Маскав баргузор нагардидани гуфтушуниди “Толибон” ва ҳукумати Афғонистон (бо миёнаравии Русия) , ки дар аввали моҳи равон ба нақша гирифта шуда буд,   маҳз ҳамин ҳуҷуми ин ҳаракат ба сокинони Тоҷикистон мебошад. Хабаргузории “Спутник”  дар ин маврид гуфтаҳои таҳлилгаронро меорад ва аз ҷумла  Александр Вил чунин мегӯяд:”Ҳаракатҳои террористии “Толибон” барои санҷидани мустаҳкамии сарҳади Тоҷикистон бояд аз ҷониби гурӯҳи ҳарбии  СПАД (Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ) ҷавоби дандоншикане гирад”.

Тавре маълум, гургу гӯсфанд ҳеҷ гоҳ бо ҳам ошно намегарданд ва ин пешниҳоди Вил воқеият дорад. Агар “Толибон” донанд, ки барои ҳар як ҳаракати душманонаи  худ ба муқобили яке аз аъзоёни СПАД  ҷавоби лоиқе онҳоро интизор аст, ҳаргиз чашм ба ин сӯи сарҳад намедӯзанд. Аммо бадии кор дар ин аст, ки дар сафи Толибон ва бештар аз ҳама дар сафи ДИИШ, ки ҳоло қисми зиёди сарбозони дар Сурия мағлубгаштааш ба Афғонистон омадаанд, ҷангандаҳои баромадашон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳастанд ва онҳо аз  ниятҳои худ нисбат ба Ватани собиқашон баргаштанӣ нестанд. Ин гурӯҳ метавонад барои амалӣ гардидани нияти худ ва ноором сохтани вазъи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ аз пайравони пинҳоншудаи худ дар ин кишварҳо истифода барад. Тавре ки чунин ҳодиса бо сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара рух дод. Новобаста ба ин, бояд хоҳ толиби покистонӣ бошад ва  ё толиби маҳаллӣ, донад,ки ҳар амалеро ҷавобе интизор аст…

…Дар соҳили чапу рости Панҷ, дар минтақаи Дарвоз ҳоло  оромӣ ҳукмфармост. Аммо онро метавон танҳо оромии нисбӣ номид. Зеро масофа ҳамагӣ 50 метр аст ва  оташе,ки хонаи ҳамсояро фаро гирифт, метавонад ҳар лаҳза ба хонаи дигар ҳам гузарад. Барои ҳамин, ҳамаи асбобҳои сӯхторхомӯшкуниро бояд дар ҳолати омодабош нигоҳ дошт. Айни замон чунин асбобе, ки садди роҳи паҳншавии чунин сӯхтор мегардад,  метавонад танҳо қувваи бозуи Артиши кишвар ва ҳампаймонҳои он бошанд…

Абдумудассир АҲМАДЗОДА,

“Тоҷикистон”  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *