Бизнес-форуми соҳибкорони Тоҷикистону Ӯзбекистон

Мақомоти тоҷик дар бораи баргузории ҳамоиши навбатии соҳибкорони Тоҷикистону Узбекистон хабар доданд, ки дар нимаи аввали моҳи март дар Душанбе барномарезӣ шудааст.

Ин  мулоқот дар чаҳорчӯби сафари расмии президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор хоҳад шуд, ки дар чаҳорчӯби он имзои созишномаҳои ҳамкории дуҷониба дар назар аст.Бизнес-форуми доираҳои соҳибкории Тоҷикистону Ӯзбекистон ба хотири тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратии байни ду давлати ҳамсоя ва имзои санадҳои нави ҳамкорӣ ташкил мешавад. Дар зарфи як соли охир ин ҳамоиши дуюми соҳибкорони ду кишвар мешавад ва дар доираи ин ҳамоиш намоиши молҳои саноатии истеҳсоли Тоҷикистону Ӯзбекистон баргузор мешавад.Тибқи омори расмӣ, ҳаҷми табодули мол байни ду давлат соли 2017 ба 126 миллион доллар баробар гардидааст, ки аз он 69 миллион доллар воридоти мол аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва 57 миллион доллар содироти мол аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистонро ташкил медиҳад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *