Қарори нави Раиси Душанбе оид ба нархи хатсайрҳо

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар мавриди нархномаи нави хатсайрҳои пойтахт қарор баровард.

 

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №101 АЗ 19.02.2018

Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе

Бо мақсади пурра қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти аҳолӣ бо хизматрасонии нақлиётӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои истифода-барандагони хизматрасониҳои нақлиётӣ, ҳамоҳангсозии оқилонаи фаъолияти нақлиёти мусофирбар ва муҳайё намудани шароити якхела барои рақобати озоди субъектони хоҷагидор дар бозори нақлиётӣ новобаста аз шакли моликият ва баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ ба мусофирон, риояи талаботи «Қоидаҳои ташкили ҳамлу нақли мусофирон ва бори дастиву бағоҷ бо нақлиёти автомобилӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», бо инобати хулосаҳои Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 ноябри соли 2017, №01-04.4/263 аз 19 январи соли 2018, №02-04.4/69 ва аз 9 феврали соли 2018, №01-04.4/180 мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нақлиёт»

ҚАРОРМЕКУНАМ:

  1. Аз « 15 »феврали соли 2018:

а) ҳаққи роҳкиро дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе барои як мусофир тавассути:

— автобусҳо -1,20 (як сомонию бист дирам);

— троллейбусҳо -1,00 (як сомонӣ);

— автобусҳои хурдғунҷоиш (микроавтобусҳо) -1,60 (як сомонию шаст дирам);

— автобусҳои бо реҷаи экспресс фаъолияткунанда — 1,50 (як сомонию панҷоҳ дирам);

— автобус ва троллейбусҳо бо кортҳои кутоҳмуҳлати пардохти зудамал (QR-Kod) барои 4 ва 8 сафар — мутаносибан бо арзиши 5 (панҷ) ва 10 (даҳ) сомонӣ.

Дар ҳолати аз ҷониби мусофирон харидорӣ шудани 50 ва зиёда аз он сафар тариқи кортҳои пластикии нақлиётӣ дар автобус ва троллейбусҳо тахфифҳои зерин пешниҳод карда шавад:

-барои донишҷуён 30 фоиз;

-барои дигарон 15 фоиз.

б) ҳаққи роҳкиро дар хатсайрҳои наздишаҳрии шаҳри Душанбе барои як мусофир тавассути нақлиёти мусофирбарии ғунҷоишаш хурд ва миёна 2,00 (ду сомонӣ) муқаррар карда шавад.

  1. Вобаста ба муқаррароти банди 1 қарори мазкур Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе бо назардошти баланд гардидани нархи роҳкиро фарқияти субсидияи шахсони имтиёздорро дар доираи маблағҳои барои соҳаи нақлиёт дар буҷети соли 2018 пешбини-гардида тибқи тартиби муқарраргардида мутаносибан ба корхона-ҳои коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1, 2, 3 ва Троллейбус» пардохт намоянд.
  2. Шуъбаи нақлиёти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе якҷо бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе ва шуъбаи Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, ҷиҳати қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти истифодабарандагон бо хизматрасонии нақлиётӣ ва ҳимояи хуқуқи онҳо дар шабакаи хатсайрҳои шаҳри Душанбе тадбирҳои мушаххаси мақсаднок андешида, мунтазамнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофирбарро дар хатсайрҳо бо тартиби муқарраргардида таъмин намоянд.
  3. Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 24 майи соли 2011, №251 «Дар бораи тарифҳои ҳамлу нақли мусофир дар шаҳри Душанбе» аз эътибор соқит дониста шавад.
  4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
  5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии рӯзномаи «Паёми Душанбе» ва «Телевизиони Душанбе» инъикоси қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма васеъ ба роҳ монанд.
  6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа вогузор карда шавад.

 

Рустами Эмомалӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *