Блогер наворҳои таҳқиромез паҳн карду ҳабс шуд
Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе аз боздошт ва ҳабси маъмурӣ шудани як нафар блогер хабар дод.
— Як қатор шаҳрвандон ба Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо ирсоли навор муроҷиат намуданд, ки нисбати як нафар ба ном «блогер» чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад. Зимни санҷиш муайян гардид, ки ин нафар шаҳрванд Ҳимматзода Ҳабибулло Убайдулло, соли таваллудаш 18.08.2002, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Н. Қарабоев мебошад, ки дастгир ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуд,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
Зимни санҷиш муайян гардидааст, ки номбурда дар шабакаи иҷтимоии «Инстаграм» саҳифаи худро кушода, пайваста ба паҳн намудани наворҳои таҳқиромезу пур аз дашном ва алфози қабеҳ машғул будааст.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суди ноҳияи Шоҳмансур ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 5 шабонарӯз татбиқ карда шудааст.
Ҳамзамон, ҷиҳати минбаъд ба чунин кирдори ғайриқонунӣ даст назадан, қатъиян огоҳонида шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ