Блогерон беш аз 33 миллион фоида гирифтанд, аммо…

Дар Тоҷикистон расман 91 нафар ба фаъолияти блогерӣ машғуланд.

Дар соли гузашта онҳо 33, 5 миллион сомонӣ даромад ба даст овардаанд. Аммо ҳамагӣ ба мақомоти андоз 2,5 миллион сомонӣ пардохт кардаанд.

Дар ин бора имрӯз, 15 феврал зимни нишасти матбуотии Кумитаи андози Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Ахиран Кумитаи андози Тоҷикистон рӯйхати блогерони аз андоз қарздор нашр кард.

Дар байни онҳо блогерони машҳур, ба мисли мисли Шоира Пулатова, Фаррух Сангинов, Ташриф Халилов ва соҳибони саҳифаҳои иҷтимоии “Jononisher” (Ҷонон Ашурова), “golib_shov” (Ғолиб Мусоев) ва “jovidiblack” (Ҷовид Абдуллоев) низ ҳастанд.

Кумитаи андоз мегӯяд, онҳо даъвати мақомотро ҷиҳати фаъолияти қонунӣ ва пардохти андоз нодида гирифтаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *