Бо Баҳром Ғафурӣ кор кардан осон буд

Таҳсил дидаи Тоҷикистону Амрико ва дорандаи чанд касбСироҷиддин Ғафурӣ кист?Шахсони зиёдро вохӯрдан мумкин аст, ки худрӯянд. Онҳо худ маълумоти олӣ мегиранд. Худ пеши худ ҳадафу нақша мемонанд. Худ менависанд. Худ месозанд. Худ пешниҳод мекунанд, вале дар охир корашонро, заҳматашонро, ҳунарашонро ва маҳсулашонро барои хидмат ба мардум ва кишвар унвон мекунанд. Яке аз чунин нафарони сарсупурда ба касби худ ва маҳбуби ҳазорҳо дилбохтаи синамои миллӣ Сироҷиддин Ғафурӣ аст. Мо бо эшон, ки марди чилҳунара аст, доир ба актёрӣ, коргардонӣ, овозхонӣ, филмҳои мондагор ва нақшаҳои калони ояндааш суҳбат кардем.- Шуморо яке коргардон, дигаре актёр, сеюмӣ овозхон ва чорумӣ ҳамчун сенарист мешиносанд. Худатонро ҳамчун кӣ муаррифӣ мекунед?- Ҳамаи ин пешаҳо бароям азизанд ва бо ҳам алоқаи зич доранд. Кӯшиш мекунам, ки ҳама корамро аз таҳти дил иҷро кунам, самимӣ бошам, на хасакӣ.- Бешак, шумо бисёр кор мекунед, чӣ гуна метавон яку якбора дар чанд самт фаъолият кард ва иловатан кори худро хуб анҷом дод?- Ҳамаи кор вазнинӣ дорад, аз ҷумла корҳое, ки ман анҷом медиҳам. Масалан, барои як сенария навиштан солҳо лозим аст, аммо ҳолатҳое мешавад, ки мақсад дар муддати кӯтоҳ ҳосил мешавад. Барои маҳсули хуб эҷод намудан, бояд аз таҳти дил кор кард. “Санъатро дар худ шинос на худро дар санъат” гуфтаанд. Санъат аз они халқ аст ва ҳар чизе, ки мекунем, барои мардум аст на барои шуҳрату худамон.- Шумо аз рӯи ихтисос кӣ ҳастед?- Ман хатмкардаи Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода бо ихтисоси актёри драмма ва кино ҳастам. Ин даргоҳро соли 2009 бо дипломи сурх хатм кардаам ва курси кӯтоҳи режиссёриро дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико хатм кардаам.- Коргардонӣ, актёрӣ ё овозхонӣ. Кадомаш ба шумо наздиктар аст?- Ҳамаи ин пешаҳо ба ман наздиканд. Лекин як нуктаро бояд зикр кунам, ки коргардонӣ кори осон нест. Барои коргардони хуб шудан бояд аз тамоми илму ихтисосҳо бохабар бошӣ, бояд сенаристи хуб бошӣ, бояд мусиқидон ё оҳангсози хуб бошӣ, бояд наворбардори хуб бошӣ, танзимгари хуб бошӣ, равоншиноси хуб бошӣ. Хуллас, саҳна таҷассумгари зиндагӣ аст, вақте ки зиндагиро таҷассум мекунӣ, бояд ҳама паҳлуҳояшро омӯзӣ ва донӣ.-Дар кор душвориро ҳис мекунед?-Кор бе душворӣ намешавад. Дар ҳолате ба душворӣ рӯ ба рӯ мешавам, ки чизи мехостаамро дастрас, яъне эҷод карда наметавонам. -Шумо муаллифи филми замоне овозадори «Сукут» ҳастед. Пас аз намоиши он гуфта будед, ки қарздор шудаед. Чӣ гуна қарзҳоро пурра баргардонидед ва оё аз таҳияи он пушаймонед ё ифтихор мекунед?-Ман аз касби интихобкардаам пушаймон нестам. Ҳар кореро, ки дар ин соҳа ба анҷом расондаам, бароям азизанд ва ҳеҷ кадомаш дар пайи худ пушаймонӣ наовардааст. Филмсозӣ як дунёи беканор аст, таърих аст. Чун ин роҳи пуршебро интихоб кардем, мекӯшем, ки дар ҳаводиси дирӯзу имрӯз бетараф набошем ва то қадри имкон маҳсули эҷоди худро барои фардо боқӣ монем. Ман як сухани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро “Мо бояд ба умеди ягон бегона нашавем, ҳеҷ кас давлати моро омада обод намекунад” сармашқи кори худ қарор дода, дар соҳаи худ аз таҳти дил кор мекунам. -Ба наздикӣ филми дигаратон бо номи «Ман шаҳиди ишқи покам» нашр шуд. Оё барои сохтани он ҳам ба мушкилоти молӣ дучор шудед?-Филми «Ман шаҳиди ишқи покам” пурра аз ҳисоби худам рӯи навор омад. Ва аслан ҳамаи филмҳо қариб, ки бо саҳми худамон рӯи навор меоянд. Мо имрӯз қувваи ба навор гирифтани филмҳоеро дорем, ки дар арсаи байналмилалӣ муаррифгари миллати тоҷик шуда метавонанд, вале дастгирӣ нест.- Чаро дар филмҳо худатонро мекушед?- Оқибати ҳамаи мо ҳамин аст, дунё абадӣ нест.Умри мо мераваду номи накӯ мемонад,Лаҳзаҳо мегузарад, дидаву рӯ мемонад. — Дар филмҳои насли нав шумо аз аввалин нафароне ҳастед, ки овозхонҳоро ба кино ҷалб кардед. Барои мисол дар филми «Сукут» шодравон Баҳром Ғафуриро ҷалб карда будед. Ин ҳамкорӣ чӣ гуна сурат гирифта буд?- Барои ҳар як нақше, ки дар сенария ҳаст, мо иҷрокунанда ҷустуҷӯ мекунем. Ба яке аз нақшҳо дар филми “Сукут” шодравон Баҳром Ғафуриро муносиб донистем ва вақте ки ба он кас пешниҳод намудем, розӣ шуданд. Бисёр осон, хуш ва гуворо буд кор кардан бо ҳунарманди нотакрор Баҳром Ғафурӣ. -Дуруст аст, ки суруди “Модар”-и филм ба қалами шумо тааллуқ дорад?-Бале, муаллифи матн ман ҳастам ва оҳангро якҷоя бо равоншод Баҳром Ғафурӣ эҷод кардем. Пас аз нашри филм бисёр шод шудем, ки он суруд ба ҳазорҳо нафар писанд омад. -Барои филмҳои хуб таҳия кардан чӣ мушкил мавҷуд аст? -Аслан, дар ҳоли ҳозир хеле душвор ва мушкил аст филми хуб таҳия кардан, зеро мо аз ҷиҳати иқтисодӣ танқисӣ мекашем. Ба фикри инҷониб, бояд масъулин дар бархе иқдомҳои хуб саҳмгузор бошанд чунки бо филм наврасону ҷавононро тарбия кардан мумкин аст. Чун баробари “филми тоҷикӣ” ё “Тоҷикфилм” навиштан дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворҳое пайдо мешавад, ки ба филм гуфтан забони шахс намегардад, фарҳанги филмсозии мо ба таври нигаронкунанда муаррифӣ мешавад ва моро мебояд филмҳое созем, ки завқи мардум баланд шавад ва онҳоро дигар тамошо накунанд. -Ҳоло бархе филмҳоямон дар ҷашнвораҳо иштирок мекунанд, оё филме барои чунин озмунҳо гирифтан дар фикратон ҳаст?-Дар нақша дорем ва болои чанд мавзуъ кор карда истодаем. Ҳаракат мекунем, ки наворбардориро оғоз кунем. -Дар умум чӣ гуна филмҳоро гирифтан мехоҳед ва ҳаводоронатон кай мунтазири филми нав бошанд?-Дар оянда нақшаҳо хело зиёд ҳастанд. Рӯзҳои наздик наворбардории филми навро бо номи «Асо» оғоз мекунем. Ҳамчунин, дар нақша як филм дар жанри мазҳака дорем, ки бояд корро болои он ҳам шуруъ кунем. -Шумо дар клипҳо ҳам нақш меофаред. Оё барои ҳунарманд ин кор фоидаи хуб дорад?-Даромад аз клипҳо ҳамчун актёр пули калон надошта бошад ҳам, ба бозори имрӯза бад нест. Иловатан, ба сенария ва умуман таҳияи филмҳо ҳам машғул мешавем. -Овозхонӣ ҳам мекунед ва ба наздикӣ намоҳангатон нашр шуд. Доир ба ин ҳунаратон бигуед. Яъне, аз кай овозхон ҳастед? -Овозхониро пеш аз актёриву коргардонӣ, ҳатто қабл аз дохил шудан ба мактаби олӣ оғоз карда будам. Солҳои донишҷӯӣ ҳам ин ҳунарро сайқал додам ва баробари навиштани сенария ба эҷоди шеъру оҳанг ҳам машғул мешудам, вале барои ҷиддӣ машғул шудан вақтам намерасид. Чун ман барои сурудҳоям худам матну оҳанг меофарам, вақти зиёдро мегирад ва насиб бошад, аз ин баъд сурудҳо бо намоҳангҳояшон нашр мешаванд. — Кай ва чӣ гуна истироҳат мекунед?- Ҳамон вақте ки аз кори кардаам ҳаловат барам. Ва умуман, ба андешаи ман истироҳат дар оромии калб аст, на дар хӯрдану гаштан.- Чун ин мусоҳибаи мо дар ҳафтаномаи “Оила” нашр мегардад, доир ба вазъи оилавиатон каме ҳам бошад маълумот диҳед.- Худоро шукр оиладор, соҳиби 4 фарзанд ҳастам. Хонаи маро 3 духтар ва 1 писар зебо кардаанд. Мусоҳиб Сино ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *