Чаро Ҳамзат Чимаев барои камарбанд

Варзишгари муҳорибаҳои омехта ва яке аз маъруфтарин размкорони ташкилоти UFC Ҳамзат Чимаев дар як суханрониаш сабаби аз муҳориба барои камарбанди чемпионӣ даст кашиданашро чунин гуфт:- Ба мо гуфтанд, ки зидди чемпиони вазни миёна Шон Стриклэнд дар моҳи январи соли 2024 муҳориба гузарон, розӣ нашудем. Якум, ҳоло чанд ҷароҳати хурд дорам. Дуюм, то январ бисёр вақти кам аст барои чунин муҳорибаи муҳим. Чун Ҳамзат Чимаев рақобатро қабул накард, ба ҷойи ӯ дар моҳи январ Дрикус Дю Плесси бо чемпион меҷангад.Ҳамчунин, Ҳамзат Чимаев доир ба суханҳои Пауло Коста, варзишгари брализиягӣ, ки бояд моҳи октябр бо ӯ меҷангид, чунин посух дод:- Ӯ аз муҳориба бо ман даст кашид. Ман ҳоло барои чемпионӣ мубориза мебарам. Агар чемпион шаваму ташкилот хоҳад, ки зидди ӯ камарбандамро ҳимоя кунам, албатта ман розӣ мешавам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *