Бо бачаи ҳаромӣ ба куҷо равам?
Волидонам маро маҷбурӣ бо як ҷавоне, ки дар умрам ягон бор надида будам, хонадор карданд.
Домод хеши дури падарам буда, духтари дигарро дӯст медоштааст. Вай аз рӯзи аввали зиндагӣ бо ман бисёр дағалона муносибат карда, ҳамеша ранҷу озорам медод. Сари кафида зери тоқӣ гӯён, лаб зери дандон гирифта, тоқат мекардам, вале бахти маҷбурии мо дер напоид. Пас аз се моҳ шавҳарам бе ягон сабаб талоқи маро дода, ба ҳамон дӯстдоштаи худаш хонадор шуд. Азбаски падару модарам маро зӯран ба шавҳар дода, боиси бадбахтиам гашта буданд, баъди аз шавҳарам ҷудо шудан ихтиёрро ба худам дода, дигар ба ҳаёти ман дахолат намекарданд. Ҳамин тавр аз байн чанд сол гузашту мани танҳо бо як ҷавонмарди хориҷӣ шинос шуда, дар симои ҳамон марди аҷнабӣ шоҳзодаи орзуҳоямро пайдо намудам. Вай ба гӯши ман чунон суханҳои шиин мегуфт ва ончунон маро бо меҳр навозиш мекард, ки гумон мекардӣ Маҷнуни сонӣ аст. Дар оғӯши ин марди хориҷӣ мани аз шавҳар ягон зарра меҳру муҳаббат надида гул-гул шукуфта, худро хушбахттарин зани дунё эҳсос мекардам. Пас аз се моҳи мулоқотҳои ширини ошиқона ҳомиладор шудам. Ин хабари хушро ба падари тифлам расонда, ягон туҳфаи олиҷаноб гирифтанӣ будам, аммо…
Ҳомиладор шудани маро фаҳмида ошиқи хориҷиам якбора девона шуд ва бори аввал ба рӯям як шаппотии обдор фаровада, фармуд, ки зудтар рафта кӯдакро гирифта партоям, чунки вай зану фарзанд дорад. Ростӣ, барои исқоти ҳамл намудан вай ба ман пули калон дод, аммо дилам нашуд, ки фарзанди аввалинамро бо дастони худам кушам. Ҳарчи бодо бод гӯён, қарор додам, ки фарзандамро ба дунё меорам. Падару модарам ҳомиладор шуданамро фаҳмида, аз ман рӯй гардонданд ва маро зада-зада аз хона пеш карданд. Азбаски дигар ҷойи рафтан надоштам, ба деҳа ба хонаи як хеши дурамон омадам. Холаи Савсан як кулбаяки лойин ва зиндагии қашшоқона дошта бошад ҳам, дили бузурге дорад. Ин зани камбағал аз рӯйи раҳму шафқат маро дар хонааш роҳ дод. Дар ҳамин ҷо бо кӯмаки момодояи халқӣ ман фарзанди бе падарамро ба дунё овардам. Писарчаам қариб яксола шуда бошад ҳам, то имрӯз касе аз аҳли хонаводаамон ба суроғи ман наомадааст. Холаи Савсан маро дилбардорӣ карда мегӯяд, ки зиқ нашавам, ҳамааш оҳиста-оҳиста хуб мешавад, вале охир то ба кай ману писарчаам ба гардани ин зани бенаво бор шуда мегардем. Мехоҳам ба хонаамон баргашта, худро ба пеши пойи падару модарам партоям ва бахшиш пурсида зорӣ намоям, ки маро авф кунанд, вале метарсам, ки бачаи ҳаромиатро бурда ба сағерахона парто нагӯянд. Фарзандам бе падар ба дунё омада бошад ҳам, барои ман азиз аст ва наметавонам ба хотири волидонам шуда аз баҳри писарчаам гузарам.
Хонандагони азиз, шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед?
Гулноз, хонандаи «Оила»
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ