Заминларза ҷони 30 нафарро рабуд

Дар Папуа – Гвинеяи Нав бар асари заминларзаи шиддатнокиаш 7,5 балл беш аз 30 нафар қурбон шуданд.

Чанде пеш дар бораи даҳҳо нафар қурбониён иттилоъ расида буд. Дар ин бора «РИА Новости» бо истинод ба нашрияи  «Post Courier» хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, дар заминларза беш аз 300 нафар осеб дида, аксарияти биноҳо валангор ё хароб гардидаанд. Ба роҳҳо ва дарёҳо ярч фаромадааст. Дар музофотҳои Хела ва Нагореи Ҷанубӣ хати таъмини неруи барқ канда шудааст.

Гуфта мешавад, ки ба минтақаҳои осебдида гурӯҳҳои наҷотдиҳандагон ва низомиён сафарбар шудаанд.

Тибқи маълумоти Хадамоти геологии ИМА, таконҳои зеризаминӣ соати 3:44 рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ дар километри 89-уми ҷанубу ғарби шаҳри Поргера ба қайд гирифта шуданд. Маркази заминларза дар умқи 35 километр воқеъ буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *