Бо дастгирии Рустами Эмомалӣ дар Душанбе беҳтарин донандаи Конститутсия муайян мешавад
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бахшида ба эълони “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 30-31-уми октябр озмуни шаҳрии «Беҳтарин донандаи Конститутсия» баргузор мегардад.
Гуфта мешавад, ки озмуни мазкур бо сарпарастии раиси шаҳри Душанбе ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқӣ, шиносоӣ бо санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии байналмилалӣ ва миллӣ, таъмини реҷаи қонуният, назм ва тартиботи ҷамъиятӣ ва волоияти қонун баргузор карда мешавад.
Дар озмун хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 8-11), муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ (литсейҳои касбӣ), донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо) ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (донишгоҳу донишкадаҳо) иштирок карда метавонанд.
Донишҳои ҳуқуқии иштирокдорони озмун аз рӯйи хондан ва донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи гирифтани имтиҳонҳои тестӣ ва саволу ҷавоб муайян карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ