Бо дучарха ба Ҳаҷ. Дар Дубай ба 3 тоҷики дучархасавор раводид надоданд (аудио)

Се ҷавони тоҷик савори дучархаҳо барои адои маросими ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ раҳсипор шуданд. Ҳоло сайёҳон барои дарёфти раводид дар Дубай ҳастанд. Аммо ахиран хабар дода шуд, ки ба онҳо додани раводидро рад кардаанд ва акнун ҷавонони тоҷик интизори мусоидати мақомоти Тоҷикистонанд.

Ин се зоири дучархасавор, бино ба навиштаи your.tj, аз аввали сол ба сафар омодагӣ дида, дар аввали моҳи май пас аз моҳи шарифи Рамазон ба роҳ баромаданд.

Дар ҳоли ҳозир Диловар Ғафуров ҳамроҳ бо дӯстонаш Саидалӣ Назаров ва Шокир Талабов, ки беш аз 1000 километр масофаро тай кардаанд, дар Дубай қарор доранд. Онҳо дар консулгарии Арабистони Саудӣ мунтазири гирифтани раводиди вуруд ба ин кишвар ҳастанд.

«Ин сафар як гардиши бузург дар ҳаёти ман ва шахсан барои ман буд. Ин сафари фаромӯшнашаванда аст, зеро хар як рӯзи сафари мо пур аз воқеаҳои шавқовар ва саргузаштҳои шавқовар аст. Аз ҷумла, дар Рӯзи ҷаҳонии велосипедронӣ омадани мо ба Дубай як тасодуфи истисноӣ буд”,- мегӯяд Диловар Ғафуров дар суҳбат бо your.tj.

Диловар 37 сол дорад, ӯ падари ду фарзанд аст ва ба соҳибкорӣ машғул мебошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳатто аз нигоҳи моддӣ анҷом додани чунин сафар осон нест ва пеш аз ҳама, ӯро хонаводааш — волидон, бародарону хоҳарон дастгирӣ мекарданд.

Азму иродаи қавии ин се нафар сарфи назар аз тамоми душвориҳое, ки дар ин роҳ аз cap гузарониданд, барои ба ин сафар баромадани онҳо сабаб гардид. Ҳоло барои амалӣ шудани мақсади асосӣ ҳамагӣ як кадам мондааст.

Диловар ва ҳамсафаронаш аз Душанбе ба роҳ баромаданд ва тавассути накшаи сафар бояд ба воситаи Туркманистон мерафтанд. Аммо аз сабаби пандемия дар он ҷо карантини 20-рӯза лозим буд. Ҷустуҷӯи роҳҳои алтернативӣ, масалан убури марзи Ӯзбекистону Афғонистон натиҷае надодааст.

Онҳо маҷбур шуданд, ки аввал ба Тошканд ва баъд ба Боку раванд.

“Мо тавассути баландкуҳу даштҳо, ноҳияҳои обод, шаҳрҳои қадима ва ҳозиразамон роҳҳоро тай кардем. Саёҳати мо дар Эрон идома ёфт ва дар он ҷо мо аз шаҳрҳои бостонии Қазвин ва Исфаҳон бо велосипед гузаштем. Вазифаи асосии мо пайдо кардани об, хӯрок ва ҷои хоб буд. Аз сабаби он ки ошхонаҳои Эрон пас аз соати 10-11 дари худро боз карданд, мо натавонистем сари вақт субҳона хӯрем. Бештари вақт ба мо ронандагон ва сокинони оддӣ кумак мекарданд, дар роҳ ба мо обу ғизо медоданд. Мо дар берун хӯрок мехӯрдем, дар ҳавзҳо оббозӣ мекардем ва дар паҳлуи масҷид мехобидем. Мо тамоми таҷҳизоти сайёҳӣ, аз ҷумла харитаи минтақа ва хаймаро доштем»,- гуфтааст ӯ дар суҳбат.

Ба гуфти Диловар, онҳо дучархасавории худро аз Бухорои бостонӣ оғоз карда, баъдан ба Тошканд рафтанд ва аз онҷо ба Озарбойҷон расиданд, ки аз қаламрави он низ бо дучарха гузаштанд. Дучархасаворон пас аз убури марзи Эрон ба Бандар Аббос расиданд ва аз он ҷо бо киштӣ ба сӯи Дубай шино карданд.

Имсол мавсими ҳаҷ ба фасли гармо рост омад, аммо ин монеи сафари “зоирин”-и мо нашуд. Ба душвориҳо нигоҳ накарда, роҳи худро давом дода, қариб ба макони лозима расиданд.

Зоирон давра ба давра таассуроти худро аз сафар ба дӯстони худ дар “Фейсбук” ва Instagram нақл мекунанд. То имрӯз дар саҳифаҳои онҳо шумо метавонед беш аз 100 акс ва видеоҳои гуногунро, ки дар ин сафари фароғатӣ гирифта шудаанд, бубинед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *