Бо фармони Путин ходимони давлатии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданд (аудио)
Бо фармони Президенти Русия Владимир Путин 4 нафар ходимони давлатию ҷамъиятӣ аз Тоҷикистон бо орденҳои давлатӣ сарфароз гардиданд.
Фармони Владимир Путин 30 декабри соли 2022 дар сомонаи расмии Ҳукумати Русия нашр шудааст.
Барои саҳми бузург дар рушди дӯстӣ ва ҳамкории байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Расулзода Қоҳир бо ОРДЕНИ ШАРАф (ПОЧЁТ), Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зокирзода Маҳмадтоир Зоир, Мудири кулли Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди “Газпромнефт-Тоҷикистон” Мирзоев Фарҳод Султонбекович, Президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимӣ Фарҳод бо ОРДЕНИ ДӮСТӢ сарфароз гардонда шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ