Бо гармӣ шӯхӣ накунед!

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода бо нашри як баёния гуфт, ки  ҳарорат дар бисёре аз манотиқи кишвар аз марзи 40 дараҷа болост.

Бинобар ин, агар касе аз хона  берун ояд, бояд Кӯшиш кунад, ки ҳарчӣ камтар зери нури офтоб бошад. Дар ҳоли зарурат бо худ гирифтани чатр ва ё кулоҳи тобистонаро фаромӯш накунед” Тавсия ба афроди гирифтори бемории фишори баланд, диққи нафас ва бемории қалб ин аст, ки тибқи тавсияҳои духтурон амал кунанд ва бе зарурат ба кӯча набароянд. Ҳавошиносони тоҷик мегӯянд, ҳарорат дар вилояти Хатлон ба 43, ноҳияҳои тобеи марказ 42, вилояти Суғд 42, дар шаҳри Душанбе 41 мерасад.

Рӯзи 14 июл зане аз сабаби баландтар аз 45 дараҷа будани гармии ҳаво дар ноҳияи Фархор дар сари замини пахта ба ҳалокат расид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *