Толеъномаи 17 июли соли 2018
Ҳамал ( 21 март-20 апрел)
Дар ин рӯз аз санҷиши ҷиддӣ гузаштанатон лозим меояд. Ҳамалҳои оиладор ба нобоварии шахси барояшон наздик гирифтор мешаванд. Дар ин рӯз ҳушёриро пеша намоед, як ғалати ночиз ба вазъи молиявиатон таъсири манфӣ мерасонад. Нисбати яке аз наздиконатон, ки ба наздикӣ моҷаро карда будед, фикри бад накунед
Савр ( 21 апрел – 22 май)
Фаромӯш насозед, ки зиндагӣ пастиву баландии зиёд дорад. Бо вуҷуди гурехтани гапатон бо ҳамсафари ҳаётӣ кӯшиши оштӣ шуданро кунед. Тамоми корҳои муҳиму фавриро то нимрӯзӣ ба анҷом расонед, вагарна имкони ба даст овардани маблағи хубро аз даст медиҳед.
Ҷавзо ( 23 май-21 июн)
Имрӯз бо кори зиёд худро хаста насозед. Аввалаш ин ки аз уҳдаи тамоми корҳо баромада наметавонед. Дуюм, саломатиятонро аз даст медиҳед. Ҷавзоҳое, ки қаблан тамоми корҳояшонро ба нақша гирифта буданд, дар мансаб боло мераванд. Бегоҳирӯзӣ барои мулоқоти ошиқона созгор аст.
Саратон (22 июн- 22 июл)
Дар ин рӯз ҳатто лаҳзае барои истироҳат пайдо карда наметавонед. Саратонҳое, ки ба тозагӣ дар коллективи нав ба кор шуруъ намудаанд, масъулиятнок буданашон лозим аст. Баробари каме нотоб шудан дарҳол ба табиб муроҷиат намоед, вагарна беморӣ давомнок мегардад.
Асад ( 23 июл – 23 август)
Дар ин рӯз фориғболӣ накарда андаке чолок бошед, хусусан дар риштаҳои ҳамкорӣ. Ба ҳар нафаре, ки лофи кордонӣ мезанад, бовар накунед. Дар ҷамъомадҳои серодам ширкат варзидан тавсия дода намешавад. Беҳтараш вақти худро ба наздиконатон бахшед.
Сунбула ( 24 август- 23 сентябр)
Дӯсти наздикатон ба шумо кори сердаромадро пешниҳод мекунад. Аз шумо сабру тоқат ва қувваи зиёд талаб мешавад, вале воҳима накунед. Дар ҳаёти шахсиятон нофаҳмиҳои зиёд пеш меоянд, вале бо оқилагӣ роҳи ҳалро меёбед, ба шарте ки ман-манӣ накунед.
Мизон ( 24 сентябр- 23 октябр)
Хуб мебуд, ки ин рӯзро барои беҳтар сохтани вазъи саломатӣ ва масунияти бадан бубахшед. Вазъи бади ҳаво низ боиси шамолкашиву гирифтори вирусҳо шуданатон мегардад. Дар ҷои кор барои хӯроки нисфирӯзӣ ва истироҳат вақт ҷудо кунеду бо ҳамкорон муноқиша наороед.
Ақраб ( 24 октябр- 22 ноябр)
Имрӯз мушкили ҷиддии молиявӣ дар назар нест, вале байни шумову шахси дӯстдоштаатон муноқиша имкон дорад. Сабаб дар озодиву мустақилият ҷустани шумо аст. Якҷоя бо ҳамсафари ҳаётӣ ба сафар баромада, меҳру муҳаббататон қавитар мегардад.
Қавс ( 23 ноябр- 21 декабр)
Дар ин рӯз хатари хурӯҷ намудани аллергия вуҷуд дорад. Агар аз субҳи содиқ худро бад ҳис намоед, беҳтараш ба коргоҳ нарафта дар хона табобат кунед. Нафаре ки дӯстияшро пешниҳод менамояд, чанд моҳ боз кӯшиши ба дилатон роҳ ёфтанро дорад.
Ҷаддӣ ( 22 декабр- 20 январ)
Ин рӯзро беҳтараш дар танҳоӣ паси сар намоед. Бо корҳои хона машғул шудану фикрҳоятонро ба тартиб овардан ба фоидаи кор аст. Ҳар хабареро, ки мешунавед, дуруст буданашро аниқ намоед. Бегоҳирӯзӣ хабари хуш мешунавед.
Далв ( 21 январ- 20 феврал)
Далвҳо нафареро пайдо месозанд, ки барояшон аз дӯст ҳам наздиктар мегардад. Вазъи молиявиатонро беҳтар месозед. Нафароне, ки дар орзуи кушодани кори худ ҳастанд, заррае фикр накарда аз пайи кор шавед. Дар ин рӯз орзуҳоятон ҷомаи амал мепӯшанд.
Ҳут ( 21 феврал- 20 март)
Ҳар қадаре дар миёни одамон зиёд бошед, ҳамон андоза бештар ҳамкорони арзандаи тиҷоратиро пайдо мекунед. Он ҳутҳое, ки корашон бо шабакаи Интернет алоқамандӣ дорад, комёб мегарданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ