Бо лату кӯби милисаҳо ҷон ба ҷонофарин супурд

Додситонии кулли Тоҷикистон алайҳи кормандони милисаи ноҳияи Дӯстӣ бо иттиҳоми берун баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст. Ин афсарони милиса ба он айбдор мешаванд, ки сокини Шаҳритӯс Толибҷон Дӯстовро то мурдан латукӯб кардаанд.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ба зидди шиканҷа рӯзи 30 август хабар дод, ки додситонии кулли Тоҷикистон дар робита ба марги сокини ноҳияи Шаҳритӯс Толибҷон Дӯстов, ки ба гуфтаи наздиконаш, бар асари латукӯби кормандони милиса ба ҳалокат расидааст, парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.

Эътилофи зидди шиканҷҷа дар сомонааш аз номаи расмии додситонии кулли Тоҷикистон бо имзои муовини якуми додситони кулл Ҳотам Назрулло Назарзода ба сокини шаҳраки Шаҳритӯс Меҳрӣ Давлатова иқтибос овардааст.

Назарзода дар посух ба аризаи Давлатова, ки таҳқиқи сабабҳои марги фарзандаш бар асари шиканҷаи кормандони милисаро талаб карда буд, навиштааст: «Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аризаи Шуморо дар хусуси аз ҷониби кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон ба ҳалокат расонидани Дӯстов Т. мавриди баррасӣ қарор дод. Муайян карда шуд, ки ваҷҳҳои дар ариза зикргардида қисман тасдиқи худро ёфтаанд. Аз ин рӯ, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ оид ба ҳолати баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабии кормандони ШВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон бо моддаи 316 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, пешбурди тафтиши пешакии он ба муфаттишони Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратураи генерадии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор карда шудааст.

Аммо наздикони Толибҷон Дӯстов исрор доранд, ки азбаски вай дар натиҷаи латукӯб ва шиканҷаи кормандони милиса ҷон додааст, парвандаи гунаҳкорон бояд бар асосии моддаи 143 прим 1 (шиканҷа) кушода мешуд.

Вакили хонаводаи М.Давлатова мегӯяд, дар қарори додситонии кулл боз ду мавриди дигари ғайриқонунӣ дастгир кардан ва мавриди латукӯб ва азоби рӯҳӣ қарор додани боз ду сокини ноҳияи Шаҳритӯс аз ҷониби ҳамон кормандони милисаи ноҳияи Дӯстӣ зикр шудааст.

Толибҷон Дӯстов рӯзи 25 июл ба синни 50 расид ва рӯзе баъд дар яке аз қаҳвахонаҳо дар маркази ноҳияи Шаҳритӯс аз ҷониби кормандони милисаи ноҳияи ҳамсояи Дӯстӣ дастгир шуд.

Меҳрӣ Давлатова, модари Толибҷон ба хабаргузории «Озодагон” тафсилоти ин боздоштро чунин қисса кард: «Вақте дар қаҳвахона менишастанд, кормандони милитсия омада, Толибҷонро бо худ мебаранд. Мо дарҳол ба ШВКД ноҳияи Шаҳритӯс ва Қубодиён муроҷиат кардем, вале ӯро дар он ҷо дарёфт карда натавонистем. Баъдан ба мо хабар доданд, ки писаратон дар беморхонаи ноҳияи Қубодиён аст. Вақте ман он ҷо омадам, писрам аллакай мурда буд. Ҳамчунин ба мо хабар доданд, ки ӯро кормандони шуъбаи ВКД дар ноҳияи Дӯстӣ боздошт кардаанд.

Модари Толибҷон мӯътақид аст, ки писараш дар натиҷаи шиканҷа ҷон додааст: «Мо чунин фикр мекунем, ки дар роҳ ӯро лату кӯб кардаанд ва ҳангоме ки ба бемористони Қубодиён меоранд, ӯ аллакай мурдагӣ буд.”
Мақомот қаблан гуфта буданд, ки Толибҷон Дӯстон бо гумони даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда, дар роҳ бар асари хуруҷи сактаи қалбаш вафот кардааст.

Аммо нашрияи «Пайк” билофосила баъди даргузашти Толибҷон Дӯстов акси ӯро нашр карда буд, ки осори шиканҷа дар бадани ӯро нишон медод. Ба гуфтаи хешовандонаш, дар хулосаи экспертиза низ гуфта шудааст, ки пардаи гӯши ӯ дарида, зарба ба пушти сар ва сараш сабт шудааст.

Тибқи нақли хешовандони Толибҷон, 13 нафар аз сокинони ноҳияи Шаҳритӯс то кунун аз ҷониби ин гурӯҳи милиса мавриди шиканҷаву тӯҳмат ва азият қарор гирифтаанд. «Пайк” навишт, ҳамчунин овозаҳо меафзоянд, маҳз ҳамин кормандони милитсия бо тӯҳмат аз ҳар кадом аз ин 13 сокини Шаҳритӯс аз 5000 то 20000 сомонӣ маблағ рӯёндаанд. Ҳ

«Ин кормандони пулиси н.Дӯстӣ, собиқ кормандони пулиси н.Шаҳритӯс буда, ба чунин ҳолатҳоиғайриқонунӣ даст зада, аз сокинони ноҳия бо тӯҳмат маблағмерӯёнданд», — гуфт Қобил Муродов дар сӯҳбат бо «Пайк».

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *