Раиси “Восток Сервис” боздошт шуд

Гурий Иванов, масъули ширкати “Восток-Сервис”, ки пули чандин сокини Тоҷикистонро бо ваъдаи кори хубу доимӣ дар Маскав ва Дубай гирифта буд, бо иттиҳоми қаллобӣ боздошт шудааст. Мақомоти Вазорати умури дохилии Тоҷикистон гуфтанд, ки ӯ барои аз худ кардани 30 ҳазор доллари сокинон муттаҳам аст.

Дар Тоҷикистон, ки пайдо кардани кору даромади хуб осон нест, бисёриҳо ба бозори кори хориҷӣ, аз ҷумла Русия умед мебанданд. Дар баъзе ҳолат рӯ ба Арабистони Саудӣ ва ё Имороти Муттаҳидаи Арабӣ меоранд.

Бино ба маълумоти рассонаҳо Гурий Иванов ҳафтаи гузашта ба ҳабс гирифта шудааст. «Аммо нисбат ба ӯ моҳи январи имсол бар асоси моддаи “қаллобӣ ба миқдори махсусан калон” парвандаи ҷиноӣ боз шуда, қазия аз тарафи маъмурони Оҷонсии мубориза бо фасод тафтиш мешуд”.

Ин моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон аз 1400 то 2900 нишондиҳанда ҷарима ва ё аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Дар сурати пардохти зарари расида, эҳтимоли озодии Гурий Иванов вуҷуд дорад.

Дар ваъдаҳои худ Иванов ба муштариҳо “ваъдаи кори сердаромад мекард”. Ӯ гуфт, “аз бархеҳо аз соли 2014 пул гирифта, лекин коре пешниҳод накардааст. Парвандаашро додгоҳ баррасӣ дорад ва шояд рӯзҳои наздик нисбат ба ӯ қарори зарурӣ содир шавад.”

Ҷабрдидагон дар ҷараёни тафтишот гуфтаанд, ки Гурий Иванов ба онҳо ваъдаи “кори хеле сердаромад” дар Русия, Белорус ва Дубайро дода, мегуфт, ширкаташ “Восток Сервис” дар ин кор таҷруба дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *