Ишқи телефонӣ бахтамро сӯхт

Мехоҳам дарди диламро гуфта, аз хонандагонат маслиҳат бипурсам. Ман Манижа, 21- сола ҳастам.

Волидонам маро ба як ҷавон фотеҳа карда дар тараддуди тӯй буданд, вале дар ин миён мани бе ақлу бе андеша тариқи телефон бо як ҷавони дигар, ки худро Амин муаррифӣ намуд, шинос шуда, мисли Лайлӣ ошиқи зори ӯ гаштам. Амин акси маро дида худро Маҷнуни сонӣ вонамуд кард. Беҳуда занро мӯйдарози ақлкӯтоҳ намегуфтаанд, мани сода фирефтаи суханони ширини ин ҷавони ношинос гашта, оламу одамро фаромӯш кардам. Як шаб ҳангоми бо Амин суҳбат кардани ман ҷавоне, ки бо ӯ номзад шуда будам, занг мезанад, то барои харидани ангуштарини никоҳӣ андозаи ангуштамро пурсад, вале чанд бор гаштаю баргашта телефон карда бошад ҳам, танҳо як садоро мешунавад : “Муштарӣ банд аст, дертар занг занед!”

Домодшаванда ҳайрон мешавад, ки дар ин нимаи шаб ман бо кӣ ин қадар дуру дароз суҳбат мекарда бошам ва ба модарам занг мезанад. Модарам аз паси дар суҳбати моро бо Амин гӯш карда, мисли модашери хашмгин якбора аз дар даромада ба ман дарафтод ва то дилаш хунук шудан маро зери мушту лагад гирифт, ки барои чӣ ту обрӯи ману падаратро резонда бо ким-кадом буққа шаб то саҳар чақ-чақ мекунӣ.  Дар сари қаҳру ғазаб модарам хомӯш кардани телефонро фаромӯш карда будааст, домодшаванда ҷанҷоли моро бо модарам шунида, ҳамаашро фаҳмидааст. Рӯзи дигар сари субҳи содиқ падару модараш ба хонаамон омаданд ва “Духтаратон бачабоз будааст” гӯён, фотиҳаро гардонданду чизу чораи овардаашро гирифта бурданд.

Азбаски Аминро аз ҷонам бештар дӯст медоштам, хурсанд шудам, ки тӯй вайрон шуд. Гумон доштам, ки Амин ба хонаамон хостгор фиристода маро ба занӣ мегирад, вале хаёлам хом баромад. Вақте ба ҷустуҷӯйи Амин ба ҷойи кораш рафтам, маълум шуд, ки номашро ба ман дурӯғ гуфта будааст. Амине ки ман девонавор дӯст медоштам ва аз рӯйи ӯ шуда аз бахт мондам, як марди соҳиби зану фарзанд будааст.

Ҳамин тавр мани беақл аз номзадам мондаю аз ошиқам ронда шудам. Аҳли оилаамон ту моро шарманда кардӣ гӯён, бо ман гап намезананд. Пушаймонам аз он ки ба роҳи хато рафта, бахтамро аз даст додам.

Ба духтарон гуфтаниям, ки ба шиносҳои телефонӣ бовар накунанд, ишқи телефонӣ танҳо шармандагию рӯсиёҳӣ меораду халос!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *