Бо олоти металӣ захмӣ намудани ҷавон аз ҷониби ноболиғ

Як ноболиғӣ 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ғазантараки ноҳияи Деваштиҷ дар натиҷаи муноқиша ҷавони 18-соларо бо олоти метали зада сахт захмӣ кардааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти ВКД.

Бино ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 7-уми июли соли 2020, тахминан соати 20:00 дар ҳудуди шаҳраки Ғончӣ бо ҷавони 18-солаи сокини шаҳраки мазкур вохӯрда, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, гумонбаршаванда аз замин олоти металлии сахти тунукамонандро гирифта, ба қафаси синаи ҷабрдида задааст.
Муфовиқи хулосаи ТСТ ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида зарари вазнин ба саломатӣ мансуб мебошад.
Нисбати, гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *