Боди сахт ва чангу ғубор мешавад

Рӯзҳои  28-29 сентябр дар вилояти Суғд ҳавои ноустувор, дар минтақаҳои ҷанубӣ ва марказии ҷумҳурӣ вазиши боди сахт ва баамалоии чангу ғубор дар назар дошта шудааст. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, пастшавии ҳарорат аз 29 сентябр оғоз ёфта, дар водиҳо шабона 4-9, рӯзона 10-15 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ рӯзона то 3-8 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз, 27 сентябр дар ноҳияҳои ҷануби кишвар обуҳавошиносон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ менамоянд. Ҳарорат дар водиҳо ба 36 дараҷа мерасад. Ҳаво дар  шимоли кишвар абрноки бебориш шуда, ҳарорат рӯзона  32 ва дар ноҳияҳои кӯҳӣ 19 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Обуҳавошиносони кишвар пастшавии ҳарорат ва ҳавои абрноки беборишро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ пешгӯӣ мекунанд. Дар шарқ ва ғарби вилоят ҳавои тағйирёбандаи ноустувор пешбинӣ шуда, дар ғарби вилоят 22-27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳарорат ба 14 дараҷа мерасад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ обуҳавошиносон ҳавои абрнок ва беборишро пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳо ҳарорат рӯзона ба 33 дараҷа мерасад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи абрнок ва бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар пойтахт 32 дараҷаро ташкил хоҳад дод.

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, 29 сентябр дар ноҳияҳои ҷануб ва марказии кишвар бо сабаби вазиши боди сахт чангу ғубор ба амал  меояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *