Тоҷикистон: Ҷустуҷӯи як сарбозу 7 автомати калашников

Мақомоти интизомии Тоҷикистон 7 автомати калашниковро ҷустуҷӯ доранд, ки дар натиҷаи сарозер шудани мошини нирӯҳои марзбонии кишвар ба рӯдхонаи Зарафшон гум шудаанд.

Азизмурод Сабуров, додситони ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ мегӯяд, садама дар наздикии деҳаи Хайрободи ноҳия ҳафтаи гузашта рух додааст. Ба гуфтаи ӯ, дар натиҷаи ин садама як марзбони тоҷик низ нопадид шудааст, ки ҳоло ҷустуҷӯи ҷасади ӯ низ идома дорад.

“Вақте сарбозон аз қисми ҳарбии марзбонӣ воқеъ дар деҳаи “Мадрушкат”-и Кӯҳистони Мастчоҳ ба тарафи деҳаи Хайробод ҳаракат мекарданд, мошин дар баландие хомӯш шуда, ба ақиб ҳаракат кардааст», — афзуд Сабуров.

Дар натиҷа ба 6 сарбозу ронанда муяссар мешавад, ки худро аз мошин берун андозанд, вале яке аз онҳо дар дохил мемонанд ва ҳоло сарнавишташ номаълум аст.

Ба гуфтаи Сабуров, кормандони наҷоти маҳаллӣ «Нива»-ро аз об берун овардаанд, вале ҷасади сарбозу силоҳҳоро пайдо накардаанд. Дар ҳоли ҳозир, ҷустуҷи ҷасади сарбоз ва силоҳҳо идома дорад.

Дар Раёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтанд, аз ин ҳодиса дарак надоранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *