Бохтар: 200 ҳазор бех гул шинониданд
Моҳи аввали баҳор дар шаҳри Бохтар беш аз 200 ҳазор бех гулҳои рангоранд шинонида шудааст. Ҳамчунин давоми як моҳи охир бештар аз ҳазор дарахти павлония, сирена, магнолия, палма ва ҳамеша сабз шинонида шуд.
Сайфулло Иззатзода, директори КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабутизоркунӣ”- и шаҳри Бохтар дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, ки ҳоло шинонидани гулҳои рангоранг дар гулгашт ва кӯчаҳои шаҳр идома дорад. -Мо аз аввали моҳи март то имрӯз беш аз 200 ҳазор бех гул шинонидем,-афзуд вай.
Ӯ мегӯяд, аксарияти кӯчаҳо, гулгашт ва майдонҳо бо гулҳои рангоранг ороиш дода шудаанд.
Корхонаи мавриди назар ба фарқ аз солҳои пеш имсол парвариши чанд навъи гулро ба роҳ мондааст. Аз каму беш 10 навъи гул, танҳо лола аз хориҷи кишвар ворид карда мешаваду халос. Боқимонда гулҳое, ки дар шаҳри Бохтар мебинед, дар замин ва гармхонаҳои КФД “Ниҳолпарварӣ ва кабутизоркунӣ”- и шаҳри Бохтар парвариш карда мешаванд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ