Замбӯруғпарвар, фаррош ва машшота. Хадича чӣ гуна рӯз мегузаронад?

Замбӯруғ яке аз маҳсулотҳои маъмули серғизои баҳорӣ буда, барои аксарият хӯрдании дӯстдошта ба шумор меравад. Баъзеҳо фикр мекунанд, ки замбӯруғро танҳо дар баҳорон пайдо кардан мумкин аст, вале қаҳрамони навбатии мо, бо заҳмату талошҳои пайваста замбӯруғро дар тамоми фасли сол ба мардум пешкаш менамояд.

Қурбонова Хадича ду сол аст, ки дар маҳаллаи Обшорони ноҳияи Данғара ба парвариши чанд навъи замбӯруғи хонагӣ машғул аст. Қаҳрамони мо мегӯяд, дар аввал барояш ин кор душвор будааст, вале пас аз омӯзишҳои пайваста тавонистааст ин меваи баҳориро дар тамоми фаслҳои сол парвариш намояд.

Албатта, парвариши замбӯруғ нисбат ба парвариши сабзавот ягон умумият надорад, аммо омӯхтани сири кори он душвор нест. Нозукии асосии парвариши босамари замбӯруғ дар хона, фароҳам овардани шароити дуруст ва харидани маводи ниҳолшинонӣ мебошад.

Барои омӯзиш дар ин самт ба Хадича ташкилоти USAID кӯмак расонидааст. Ҳоло ин зани меҳнатдӯст дар таҳхонаи манзили худ ин навъи маҳсулотро омода карда, ба бозор барои фурӯш мебарорад. Ӯ мегӯяд, маблағи савдо як василаи рӯзгузаронӣ барои Хадича ва фарзандонаш аст. Замбӯруғ хӯрдании на танҳо болаззат, балки ба саломатӣ фоидабахш низ аст. Хадича барои харидорони маҳсулоти худ сифати хубро кафолат медиҳад.

-Замбӯруғ муҳити торик, хунук ва намиро дӯст медорад. Дар шароити хона замбӯруғро дар таҳхона ва дигар ҷойҳои салқин ва торику намнок парвариш кардан мумкин аст. Дар хона замбӯруғ бе хок бо иловаи ғалла ва коҳ мерӯяд. Вобаста аз намуди замбӯруғ, инчунин барои парвариши он чӯб, картон ё омехтаи дигар маводҳо (ҷуворимакка ва пӯст)-ро истифода бурдан мумкин аст. Замбӯруғҳо дар муҳити табиии худ метавонанд аз 3 то 6 сол афзоиш ёбанд. Назорат ва ғизои хуб, муддати афзоиш ёфтани онро ба маротиб метезонад. Вақте шумо зина ба зина ба хӯрдан тайёр шудани замбӯруғҳоро мебинед, бовар мекунед, ки ин навъи замбӯруғи парваридаи ман заҳрнок набуда, ба саломатӣ фоидаовар аст.

Тавре қаҳрамони мо қайд менамояд, аксари навъҳои замбӯруғҳоро, ки маъмулан дар пухтупаз истифода мешаванд, дар хона парвариш кардан мумкин аст, аз ҷумла навъҳои пурарзиш ба монанди рейши, мандарин ва шиитаке. Ин навъи замбӯруғҳо дар ҳарорати муқаррарии хона хуб мерӯянд ва дар ошхона барои ороиши питса, тайёр кардани шӯрбои қаймоқӣ, салатҳо ва ғайра истифода мешаванд.

Хадича Қурбона мегӯяд, парвариш вақти зиёди ӯро намегирад. Ин зан дар маҳалла кушонаи ҳусн низ дорад ва рӯзҳои ҷумъа, шанбе ва якшанбе арӯсонро омода карда, ба хонаи бахт гусел мекунад.

-Пешакӣ арӯсонро номнавис мекунам ва дар рӯзҳои тӯй онҳоро омода мекунам. Муштарии зиёд дорам, зеро дар маҳалла ягона нафар ҳастам, ки дар ин самт фаъолият мебарам.

Новобаста аз ин, Хадича боз вақт ёфта, дар таваллудхонаи маҳалла кор мекунад. Бо вуҷуди он ки шавҳараш ҳоло дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дорад, Хадича мехоҳад барои пешравии зиндагиашон аз як гӯшаи рӯзгор бигирад ва ба марди хонадон кӯмак расонад. Ин зани 45- сола, ки соҳиби ду набера аст, дар анҷоми суҳбатамон чунин қайд намуд:

-Субҳ аз хоб хеста, як-ду соат бо нигоҳубини замбӯруғҳо машғул мешавам, баъдан ба таваллудхонаи маҳалла ба кор меравам. Албатта барои як зан фаъолият дар чанд самт душвор аст, вале дар урфият гуфтаанд, ки “то дастат наҷунбад, даҳонат намеҷунбад”. Шукри Худованд, рӯзамон пеш меравад.

Сумани Убайдулло

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *