Бохтар: 57 нуқтаи муваққатии партов кам аст! 

Шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон бо каму беш аз 140 ҳазор ҷамъият, 57 нуқтаи муваққатии партов доштааст. Мутаассифона, қариб як соли охир масъалаи сари вақт кашонидану безарар кардани партов мушкили меҳварии шаҳри мавриди назар аст. 

Дар як соли охир аллакай нафари суюм аст, ки роҳбари КДФ “Хоҷагии коммуналӣ” таъин мешавад. Муттаассифона, ҳанӯз мушкили кашонидану безарар кардани партов ба пуррагӣ бартараф нашудааст.

Бештар аз як ҳафта мешавад, ки дар шаҳри Бохтар аксияи “Шаҳрамонро тоза нигоҳ медорем” рафта истодааст. Албатта, ин ҳам як талоше барои тозагии кӯчаву хиёбон ва маҳаллаҳои шаҳр аст. Зеро бо ҳамин васила саҳми сокинон дар тозагӣ аз ҳарвақта дида бештар хоҳад шуд. Мо мушоҳида кардем, ки феълан хеле аз нуқтаҳои муваққатии партовҷамъкунӣ тозаанд. Ба қавле кор ранги дигар гирифтааст. 

Файзулло Баротзода, раиси шаҳри Бохтар ба фарқ аз раисони собиқ дар даст белу каланд худ дар шанбегӣ ва ҳашарҳои тозагӣ фаъолона иштирок мекунад. Ӯ бо ин рафтораш намунаи ибрат барои дигар мансабдорон дар вилояти Хатлон аст. Ин таҷриба ҳанӯз дар ин минтақаи кишвар хеле собиқаи кам дорад. Аммо остин бар задану дар даст белу каланд гирифтани шаҳрдор масъулияти ҳам сокинон ва ҳам шахсони мутасаддиро бештар хоҳад кард.

Феълан Муҳаммадшариф Сараев директори КДФ “Хоҷагии коммуналӣ” аст. Ӯ як ҳафта пеш ба ин вазифа таъин шудааст. Қаблан Бахтиёр Каримов роҳбари корхонаи болозикр буд. Ӯ тақрибан ду моҳ дар ин вазифа фаъолият карду бас. Дар замони роҳбарии ӯ мушкили сари вақт кашонидани партовҳо бартараф карда нашуд ва бо ҳамин аз вазифа барканор гардид.

Муҳаммадшариф Сараев дар суҳбат ба Preesa.tj гуфт, ки мушкили асосии сари вақт тоза накардани партовгоҳҳо корношоямии аксарияти техникаи дар мувозинати идора буда ва дуруст риоя нашудани фарҳанги шаҳрнишинӣ аз ҷониби иддае аз сокинони шаҳри Бохтар аст. Ӯ ҳамчунин афзуд, ки кам будани нуқтаҳои партовҷамъкунии муваққатӣ дар дохили шаҳр сабаби тез пур шудани қуттиҳои партов ва ба гирду атроф паҳн гардидан он мебошад. Ба таъкиди вай, беҳтар мешуд, ки боз нуқтаҳои иловагии партовпартоӣ ташкил шаванд. “Чунки дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар иншооти баландошёна кам сохта нашудааст”,- афзуд ӯ.

“Шаҳрдор аз ҳамаи мушкилоти корхона огоҳ аст. Дар ояндаи наздик мушкилоти мо ҳал мешавад. Танҳо камтар вақт лозим асту бас. Шаҳрдор ҳам дар масъалаи таъмини тозагӣ бисёр ҷиддӣ аст. Дастгириҳои зиёд мекунад. Боз дар оянда ин дастгириҳо идома меёбанд. Ҳоло масъалаи шартнома кардани сокинонро бозбинӣ хоҳем кард. Аз ҷамъи умумии онҳое, ки дар шаҳри Бохтар зиндагӣ мекунанд, каму беш 50 дарсадаш бо корхонаи мо шартнома доранду халос. Мутаассифона, дар шаҳр шумораи онҳое, ки бе сабти будубоши доимӣ зиндагӣ мекунанд, кам нестанд. Вале илоҷи дигар нест. Мо бояд роҳи ҳалли ин масъаларо ҳам пайдо кунем”,- гуфт ӯ.

Аз 18 техникаи КДФ “Хоҷагии коммуналӣ”-и шаҳри Бохтар танҳо 10 адади он фаъол асту халос. Боқимонда ба таъмир ниёз доранд.

Вале боз ҳам масъалаи тозагии маҳалла ва кӯчаву хиёбонҳо аз риояи дурусти фарҳанги шаҳрнишинӣ ва масъулияти сокинон вобастагии зиёд дорад. Моро зарур аст, ки ба қадри заҳмати шабонарӯзии шахсоне, ки ба тамизкорӣ машғуланд, бирасем.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *