налог

Беш аз 8 миллион сомонӣ бақияи қарзи андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ

Феълан дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бақияи қарзи андоз каме бештар аз 8 миллион сомонӣ аст. Ин қарз дар аввали сол наздики 8 миллиону 170 ҳазор сомонӣ буд.

Фарух Баротов, мудири бахши баҳисобгирии даромадҳои Нозироти андоз дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мегӯяд, ки бақияи қарзи андоз ба ҳолтаи 1-уми январи соли 2023 беш аз 8 миллиону 166 ҳазор сомонӣ буд. Ӯ афзуд, ки дар панҷ моҳ аз ин қарз 166 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст.

“Мувофиқи нақша дар моҳҳои минбаъда низ нисбати кам кардани бақияи қарзи андоз чораҳои ҷиддӣ андешида мешаванд. Мутахассисони мо бо андозсупорандагон суҳбат карда истодаанд, ки ин ба сари вақт иҷро шудани нақша ва кам кардани бақияи қарз мусоидат мекунад”,- афзуд ӯ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *