Бохтар: Баъди сӯхтори “Фаровон” бисёр соҳибкорон қарздор шудаанд
Баъди сӯхтор дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар 34 ҷамъияту намояндагӣ, 2 ҳазору 515 андозсупорандаи бо патент фаъилияткунанда ва 313 андозсупорандаи дорои шаҳодатнома фаъолияти худро қатъ карданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки андози шахсони мавриди назар дар як моҳ бештар аз 1 миллиону 250 ҳазор сомониро ташкил мекардааст.
Соҳиб Раҷабов, сардори Раёсати андоз дар вилояти Хатлон имрӯз, 15-уми июл гуфт, ки сӯхтор дар масоҳати 7 ҳазору 143 метри мураббаъ ба амал омадааст. Ӯ мегӯяд, ки дар аввал аз ҳисоби сӯхтори молу мулки шахсони андозсупоранда дар як моҳ 524 ҳазор сомонӣ андоз ҷамъоварӣ нашуд. “Вале баъд шумораи онҳое, ки фаъолияти худро қатъ карданд афзуд”,- таъкид кард вай.
“Дар рӯзҳои аввали баъди сӯхтор 100 нафар андозсупоранда муроҷиат карданд, ки “молу мулки мо сӯхт, фаъолиятро минбаъд чигуна давом медиҳем?”. Дар қонунгузории амалкунанда имтиёзҳо дар вақти сӯхтор ва дигар ҳолатҳо пешбинӣ шудаанд”,- афзуд номбурда.
Дар ҳамин ҳол, Фирдавс Самадов, иҷрокунандаи вазифаи мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар минтақаи Бохтари вилояти Хатлон имрӯз дар нишасти хабарӣ гуфт, ки аз соҳибкорони зарардидаи сӯхтори бозори Фаровон 503 нафарашон мизоҷони филиалҳои бонкҳои минтақа мебошанд. Қарзи онҳо аз ташкилотҳои қарзӣ 15 миллиону 300 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
— Ҳамаи онҳо ба бонкҳо дархост кардаанд. Тибқи дархост ба онҳо аз 3 моҳ то як сол имтиёз дода шудааст. Баъзеи онҳо мегӯянд, ки “то се моҳ” ва қисми дигар “то як сол на фоиз пардохт мекунем ва на қарзи асосиро”. Аз ҷониби масъулини бонкҳо муҳлати пардохташон тамдид карда мешавад,- гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки сӯхтор дар ҶДММ “Фаровон — Қӯрғонтепа”-и шаҳри Бохтар шаби 1-уми июли соли равон сар зада буд. Ситоди бартарафсозии оқибатҳои оташсӯзӣ сабаби асосии сӯхторро пайвасти ноқилҳои барқӣ ва кабелҳои барқии ҶДММ “Ганҷина-3” гуфта буд. Зарари сӯхтор 3 миллиону 200 ҳазор сомонӣ ҳисобида шудааст.
Мутаассифона, дар оташсӯзии шаби 1-уми июн 90 дарсади бадани соҳибкор Маҳмад Сафаров сӯхта буд, ки баъдан дар беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Бохтар вафот кард.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ