Тоҷикон барои 1250 маҳбуси як зиндони Свердловск ош пухтанд

Ба муносибати иди Қурбон ошпазҳои тоҷик дар маҳбаси №10-и Саридораи зиндонҳои вилояти Свердловск барои 1250 маҳбус оши идона пухтаанд.

Хадамоти матбуоти Саридораи зиндонҳои вилояти Свердловск бо нашри аксу видеоҳо хабар додааст, ки дар ин рӯз барои табрики маҳбусон ба зиндони №10 сардори шуъбаи кор бо маҳбусони муфтиёти марказии вилоят Комилпошо Расулов ва муовини раиси Шӯрои машваратии назди консулгарии генералии Тоҷикистон дар Екатеринбург Яъқубҷон Алиевич Умаров ташриф овардаанд.

— Яъқубҷон Умаров ҳамроҳи худ ошпазҳоро ҳам овард, ки барои 1250 маҳбуси ин зиндон оши идона пухтанд. Гуфта мешавад, ҳамаи маҳбусон, сарфи назар аз он ки пайрави кадом динанд, ба сари дастархони идона даъват карда шуданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *