Бохтар: Бунёди беш аз 20 иншооти истироҳатӣ идома дорад
Дар шаҳри Бохтар беш аз 20 иншооти муосир барои фароғати кӯдакону наврасон сохта мешавад. Ин тасмим ба хотири таъмини боз ҳам беҳтари шароити истироҳату фароғат барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Бохтар аст.
Аз шуъбаи меъмори ва шаҳрсозии шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки дар 23 мавзеи мусоид миёни иншооти баландошёна сохтмони ҷойҳои истироҳату фароғат дар назар аст. Ба иттилои расида, дар ҷойҳои интихобшуда, ҷой барои бозии кӯдакон, насби арғунчак (атраксион) майдончаҳои хурди фудбол, гулгашт ва курсӣ барои нишастан гузошта мешавад.
«Ҳоло лоиҳаи ангоравии ҷойҳои мавриди назар омода шудаанд. Дар баъзе гӯшаҳои шаҳр аллакай ба корҳои сохтмонӣ оғоз кардаанд»,-иттилоъ дод манбаъ.
Барои амалишавии чунин иқдомҳо таҳсин соҳибкорони вилоят ҷалб гардидаанд. Баъди амалишавии ин тарҳ шароити истироҳату фароғат барои сокионон ва меҳмонони маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар боз ҳам беҳтар мешавад.
Машраби Аловиддин
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ