Эмомалӣ Насриддинзода: ДМТ муаррифгари илми тоҷик дар арсаи байналмилалӣ аст

Имрӯз, 22 апрел дар ҳошияи Ҳафтаи илм дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи илмию назариявии ҳайати устодону кормандон, докторантону магистрантон ва донишҷӯён  баргузор гардид.

Ҳафтаи илм имсол ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли маърифати ҳуқуқӣ эълон шудани соли 2024 ва Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040) бахшида шудааст.

Дар қисмати ифтитоҳии конференсияи умумидонишгоҳии илмию назариявӣ, ректори донишгоҳ, профессор Эмомалӣ Насриддинзода таъкид дошт, ки Донишгоҳи миллӣ дар самти самаранокии илмӣ яке аз муассисаҳои пешбари илмӣ на фақат дар сатҳи байнидонишгоҳӣ, балки дар сатҳи ҷумҳуриявю байналмилалӣ буда, дастовардҳо ва ихтирооту навгониҳои донишмандону эҷодкорони ин даргоҳ муаррифгари илми тоҷик дар хориҷ аз кишвар гаштаанд.

Дар ифтитоҳи конференсия маърӯзаҳои номзади илмҳои химия, дотсент Файзуллозода Э.Ф. оид ба “Татбиқи барномаҳои давлатӣ дар заминаи эълони «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)»», доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултети филология Маҳмадаминов А.С. доир ба “Устод Айнӣ ва масъалаҳои худогоҳиву худшиносии миллӣ”, доктори илмҳои физика ва математика, профессори кафедраи физикаи ҷисмҳои сахти факултети физика Рашидов Ҷ. дар мавзӯи “Таъсири материалҳои нанокарбон ба сохтор ва хусисиятҳои полиметрҳо”, номзади илмҳои геология ва менерология, дотсенти кафедраи геология ва менеҷмети маъдану техникаи факултети геология А. Ниёзов дар мавзӯи “Андар мушкилоти пиряхҳои қаламрави Тоҷикистон» шунида шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *