Бохтар

Бохтар: Ду қонуншиканӣ дар се моҳ

Дар се моҳи соли равон дар шаҳри Бохтар ду ҳолати вайрон кардани қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ” ба қайд гирифта шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2022-юм як қонуншиканӣ сабт шуда буд.

Манучеҳр Қодиров, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар маҷмуъ дар се моҳи соли ҷорӣ 284 маърака сабт шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли 2022-юм 64 марърака кам мебошад. “Аммо қонуншиканӣ ду ҳолат ошкор шудааст”,- афзуд вай. Ӯ мегӯяд, ки моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҶТ” дар ду ҳолат риоя нашудааст.

“Онҳое, ки қонуншиканӣ кардаанд, беш аз 13 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шуданд. Яке аз меъёри муайян барзиёд меҳмон даъват кардааст ва дигаре бе иҷозатномаи бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим тӯй баргузор кардааст”,- афзуд ӯ.

Манучеҳр Қодиров гуфт, ки барои пешгирӣ аз ҳар гуна қонуншиканӣ комиссияи доимии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар пайваста миёни аҳолӣ суҳбату мулоқот баргузор мекунад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *