“Зари Суғд” бо соҳибкорони Панҷакент ҳамкорӣ мекунад?

Корхонаи заргарии “Зари Суғд”-и шаҳри Бӯстон маҳсулоти заргарӣ, армуғонҳои гуногун, нишонҳои сарисинагӣ, нимпайкара, қолабҳои гуногуни филизӣ, аз сангҳои ороишӣ туҳфаву армуғон омода месозад.

Бино ба иттилои МИҲД-и шаҳри Панҷакент, Абдухолиқ Холиқзода ҳамроҳи намояндагони шаҳр ҳангоми сафари корӣ ба вилоят дар шаҳри Бӯстон аз ин корхона дидан намуда, бо фаъолияти он шинос шудааст.

— Гуфта шуд, ки муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода имсол ҳангоми боздид ба фаъолияти он баҳои баланд доданд. Дастгоҳу таҷҳизоте, ки дар корхона насб шудааст, истеҳсоли Туркия ва Федератсияи Русия буда, дар сехҳои заргарӣ, зарҳалкорӣ, қолабомодакунӣ, механикӣ 30 нафар мутахассисон ва коргарон соҳиби ҷои кори доимӣ гардидаанд. Он бо ашёи хоми маҳаллӣ фаъолият намуда, маҳсулоти ивазкунандаи воридотро ба бозорҳои мамлакат пешниҳод менамояд. Харидорони маҳсулоти корхона дар хориҷи кишвар низ зиёданд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар доираи боздид бо роҳбарияти корхона ҷиҳати роҳандозии ҳамкорӣ бо соҳибкорони шаҳри Панҷакент дар таъсиси чунин сеху коргоҳҳо бо истифода аз захираи фаровони ашёи хоми маҳаллӣ гуфтушунид сурат гирифтааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *