Бохтар: Кӯдакистон дубора ба фаъолият оғоз кард

Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон — шаҳри Бохтар муассисаи томактабии рақами 2 ифтитоҳ карда шуд. Ин кӯдакистон ҳанӯз 25-уми ноябри соли 2020 дар натиҷаи сар задани сӯхтор хароб гардида буд ва аз ҳамон сол то имрӯз фаъолият намекард.

Дар маросими ифтитоҳи ин кӯдакистон муовини раиси вилояти Хатлон, шаҳрдори Бохтар ва дигар масъулин иштирок доштанд. Масъулин аз кӯдакистон дидан карда, ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.

Аз шуъбаи маориф шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфтанд, ки барои барқарор кардани муассисаи томактабӣ 1 миллиону 500 ҳазор сомонӣ хароҷот шудааст. Дар ин кор саҳми соҳибкорони ватанӣ аз мақомоти маҳаллӣ кам набудааст.

“Дар муассисаи томактабӣ 120 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта мешаванд. Дар вақти фаъолият накардани муассисаи мазкур кӯдаконро дар муассисаи томактабии рақами 6 ва 9 ҷо ба ҷо карда будем. Дар ин муассисаҳо кӯдакон аз меъёр зиёд буданд. Имрӯз ин мушкилӣ пурра бартараф гардид”,- афзуд манбаъ.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *