Мошин ба канал сарозер шуд ва ду нафар ба ҳалокат расиданд

Дар ноҳияи Вахши вилояти Хатлон ҳанӯз шаби 2 ба 3-юми майи соли равон дар натиҷаи сарозер шудани нақлиёти сабукрав ба канали обгузар ду мусофир ба ҳалокат расида, ронанда ҷароҳат бардоштааст. Дар ин бора як манбаъ аз Беморхонаи марказии ноҳияи Вахш ба Pressa.tj иттилоъ дод.

Мусофирони фавтида Саъдуллоева Багигул, соли таваллудаш 1959 ва Тоҷиддинова Ҳалима, соли таваллудаш 1958 — сокинони деҳаи Кишоварзи ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти ноҳияи Вахш мебошанд. “Вақте, ки онҳоро ба беморхона оварданд, аллакай фавтида буданд. Дигар аз дасти мо коре намеомад”,- афзуд манбаъ.

Ронандаи нақлиёт Саъдуллоев Ҳандулло, соли таваллудаш 1952 ҳам сокини суроғаи болозикр мебошад.

Як манбаъ аз Раёсати тандурустии вилояти Хатлон гуфт: “Дар маълумотномае, ки аз беморхонаи ноҳияи Вахш ба Раёсат ирсол карданд, омадааст, ки гӯё ронандаро ҳангоми гузаштан аз болои пул хобаш бурдааст ва нақлиёт ба канали обгузар сарозер мешавад. Дар натиҷа ду мософири нақлиёт ба ҳалокат расида, ронанда ҷароҳат мебардорад”.

Мутаассифона, ҳамасола дар кишвар бо сабаби садамаҳои нақлиётӣ даҳҳо нафар ба ҳалокат расида, чандин каси дигар маъюб мешаванд. Омили асосии садамаҳои нақлиётӣ — ин риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, бо суръати баланд рондани мошин ва ба самти муқобил баромадан ҳаноми ҳаракат дар роҳ мебошад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *