Бохтар: Маросими гусели даъватшавандаҳо ба артиш

Дар шаҳри Бохтар — маркази маъмурии вилояти Хатлон маросими гусели даъватшавандаҳо ба сафи Артиши миллии кишвар баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ ҷавонони матину шуҷоъ аз 25 шаҳру ноҳияи вилоят дар маҳали баргузории «Рӯзи даъватшаванда» ҷамъ омаданд.

Нахуст дар саҳни Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар маросими кулчагазон сурат гирифт ва модарон ба фарзандони наваскари худ дуои нек доданд.

Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба шодбошии ҷавонон омада, афзуд, ки имрӯз ҷавонони бо нангу номуси Ватан барои адо намудани қарзи фарзандии хеш дар назди Модар-Ватан бо ҳам омаданд ва баҳри содиқона хизмат намудан камари ҳиммат бастаанд. Ӯ аз масъулиятшиносӣ ва ташаббуси ватанпарастона, ҳувияти баланди миллӣ, матонату ҷавонмардии онҳо ситоиш карда, ба волидони онҳо миннатдорӣ баён намуд.

«Мардуми сарбаланди Тоҷикистон, аз ҷумла вилояти Хатлон, дар симои сарбозони ҷасури Ватан ҳомиёни сулҳу оромии сарзамини аҷдодиро мебинанд ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу оромии кишвар барои рушду ободии он дар ҷабҳаҳои гуногун софдилона меҳнат карда истодаанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон ба муносибати 30-солагии таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистон иброз доштанд: “Давлату Ҳукумат ва мардуми шарифи Тоҷикистон фидокориву ҷонбозиҳои афсарону сарбозони шуҷои Ватанро ҳаргиз фаромӯш намекунанд ва хотираи неки ҷавонмардонеро, ки барои барқарор намудани сохти конститутсионӣ, ҳимояи марзу буми Ватан, пойдории сулҳу субот ва ҳифзи зиндагии орому осоиштаи сокинони мамлакат ҷони худро нисор кардаанд, ҳамеша пос медоранд”,- гуфт раиси вилоят.

Ҳамчунин, зикр гардид, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва мақомоти маҳаллии шаҳру ноҳияҳо зиёда аз 1000 даъватшаванда ҳар сол ба курсҳои ронандагӣ ва ҳунаромӯзӣ фаро гирифта шуда, соҳиби шаҳодатномаи ронандагӣ мегарданд. Вале дар ду соли охир шумораи ҷавонони синни даъватие, ки ба курсҳои ронандагӣ ҷалб мешаванд, ба 1500 нафар расидааст.

Дар охир ба даъватшавандаҳо аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *