Парванда нисбати собиқ раис бо гумони фурӯхтани замин

Оҷонсии зидди фасоди Тоҷикистон нисбати собиқ раиси ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ Олимҷон Каримов парванда боз кардааст. Ӯ ба фурӯхтани замин гумонбар аст. Дар ин бора Вазорати корҳои дохилӣ хабар нашр намудааст.

Ба иттилои манбаъ, “Каримов Олимҷон Тоҳирҷонович дар вазифаи раиси ҷамоати деҳоти Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ кор карда, дар давоми фаъолияти кориаш аз шаҳрванд “А” барои гирифта додани қарори вобаста намудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба масоҳати 0,10 га ва минбаъд шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ ба ин қитъаи замин ба сифати пора 17 000 сомонӣ талаб намуда, аз ин маблағ дар ду ҳолат 12 000 сомониашро гирифта, боз оварда додани маблағи боқимондаро талаб кардааст”.

Гуфта мешавад, ки Олимҷон Каримов ҳангоми гирифтани 5 000 сомонӣ дар ҷойи ҳодиса дастгир мешавад. Назари худи ӯ маълум нест. Нисбати ӯ бо моддаи 319-и Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ҷамоати Сарикиштии ноҳияи Рӯдакӣ, ки ба пойтахт наздик асту заминаш ҳамвор, талабгорони зиёде дорад. Аз ин ҷост, ки амалҳои коррупсионӣ аз ин ҳисоб меафзояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *