Шуъбаи ТИ дар заминаи аутсорсинг. Чӣ тавр метавон маблағро аз ҳисоби мудирони системавӣ сарфа кард?

Ҳар як тиҷорат ба компютерҳо ва техникаи идоравӣ ниёз дорад. Вале на ҳама ширкатҳо омодаанд, ки хароҷоти шуъбаи IT ва кормандони худро, ки компютерҳоро “дуруст” мекунанд ё ҳифзи маълумотро таъмин менамоянд, ба дӯш гиранд. Роҳи ҳалли он мутахассисони IT дар аутсорсинг мебошад. Чунин хизматрасониро ба мизоҷони корпоративӣ МегаФон Тоҷикистон пешниҳод мекунад.

Ба хизматрасонӣ чӣ дохил мешавад?

Дастгирии пурраи IT. Муҳандисони ширкати «МегаФон» дар интихоби компютерҳо, серверҳо, принтерҳо ва дигар таҷҳизоте, ки ба талаботи мизоҷ мувофиқанд, кумак мекунанд. Таъминоти барномавиеро, ки кор бо он осонтар аст, интихоб ва насб менамоянд. Онҳо дар тарҳрезӣ ва гузаронидани шабакаи дохилӣ дар идора кумак хоҳанд кард. Кори таҷҳизотро назорат мекунанд, онро таъмир карда, ташхис ва навсозӣ мегузаронанд. Интернети устувори босуръат, муҳофизат аз вирусҳоро таъмин менамоянд. Агар ягон таҷҳизот мувофиқи талаб кор накунад, ба воситаи телефон маслиҳат медиҳанд ё ба он ҷо мераванд. Ба ибораи дигар, мутахассисон дар аутсорсинг ҳамчун мутахассисони штатии IT амал мекунанд, аммо ба расмият даровардани онҳо ва пардохти маоши хеле калон лозим намеояд.

Арзиши он чанд аст?

Соҳибкор бо интихоби дастгирии IT аз МегаФон Тоҷикистон чиро сарфа мекунад? Тавре аллакай зикр гардид, музди меҳнат сарфа мегардад, зеро шуъбаи IT-и худ лозим намешавад. Мувофиқан, сарфа дар ташкили ҷойҳои корӣ дида мешавад, чунки мутахассисони аутсорсинг ба утоқҳои корӣ, мизҳо, ноутбукҳо ва лавозимоти канселярӣ ниёз надоранд. Дар пардохтҳои гуногун, ки тибқи қонун бояд барои ҳар як корманди штатӣ анҷом дода шавад, сарфакорӣ мушоҳида мегардад. Инчунин, барои таълим ва такмили ихтисоси кормандони худ хароҷотро сарфа кардан мумкин аст.

Чӣ қадар маблағ пардохт кардан лозим аст? Хеле кам: 25 сомонӣ дар як моҳ барои ҳар як нуқтаи ташкилшуда, яъне компютер ё техникаи идоравӣ, ки ба шабакаи дохилӣ пайваст карда шудааст. Ҳамин тавр, агар дар офис се компютер ва як принтер мавҷуд бошад, пас ин чор нуқта ҳисобида мешавад. Нархи дастгирии техникӣ дар ин ҳолат 100 сомонӣ дар як моҳ хоҳад буд. Шояд ягон намуди таҷҳизот, масалан кабелҳои иловагиро алоҳида харидан лозим шавад. Вале инҳо хароҷоти якдафъаина мебошанд ва он қадар калон нестанд. Барои муқоиса: маоши миёнаи як мудири система дар Тоҷикистон ҳудуди 8000 сомониро ташкил медиҳад. Бо ҳамин маблағ мутахассисони МегаФон барои 320 компютер дастгирии тахассусӣ ташкил мекунанд!

Аз куҷо маълумоти бештар пайдо карда мешавад?

Маълумоти муфассалро дар бораи хизматрасонии «Ташкили шабакаҳои дохилии ШСК (шабакаҳои сохтории кабелӣ)» ва шартҳои пайвасткунии он тавассути телефонҳои +992 902-00-08-77, 4747 ё бо гузоштани дархост дар сомонаи оператори имкониятҳои нави рақамӣ пайдо кардан мумкин аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *