Бохтар: Шаш қонуншиканӣ дар як сол
Соли 2024 дар шаҳри Бохтар шаш ҳолати риоя накардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сабт гардидааст.
Манучеҳр Қодиров, мудири бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар шаҳри Бохтар ба Pressa.tj гуфт, ки қонуншиканӣ нисбати соли 2023 як ҳолат зиёд аст.
“Вале сатҳи огоҳии мардум назар ба солҳои қаблӣ хеле боло рафтааст ва минбаъд қонуншиканӣ кам хоҳад шуд”-, афзуд вай.
Ба таъкиди Манучеҳр Қодиров, ҷаримаи сокинон дар умум наздики 42 ҳазору 500 сомониро ташкил медиҳад.
«Маъракаҳои сокинон назар ба солҳои пеш камхарҷ шудаанд. Комиссияи доимӣ миёни мардум суҳбату вохӯрӣ мегузаронад ва онҳо аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пурра огоҳанд. Огоҳ будани сокинон дар баланд гардидани сатҳи зиндагии онҳо ва пешгирӣ аз исрофкорӣ мусоидат мекунад»,-гуфт номбурда.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ