Бохтар: Соли 2021 се корхона пурра, 12 адад қисман фаъолият накарданд. Чаро?
Соли 2021 дар шаҳри Бохтар аз 50 корхонаи истеҳсолӣ фаъолияти се корхона пурра қатъ шуда, 12 корхонаи дигар ба поиншавии истеҳсолот роҳ додаанд. Сабаби асосии ин мушкилӣ набудани ашёи хом ва муштарӣ будааст.
Тавре Афзал Юсуфзода, мудири шуъбаи рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар дар суҳбат ба Pressa.tj гуфт, соли 2021 дар ин корхонаҳо ба маблағи беш аз 268 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки назар ба соли 2020 наздик ба 50 миллион сомонӣ зиёд мебошад. “Вале 12 корхона истеҳсоли маҳсулотро нисбат ба пештара кам карда, се корхонаи дигар тамоман фаъолият накардаанд”,- афзуд вай.
Ӯ мегӯяд, ки сабаби кам истеҳсол кардани маҳсулот ва тамоман фаъолият накардани корхона набудани маҳсулоти хом ва харидор аст.
— Корхонаҳои дӯзандагӣ, коркарди пахта, истеҳсоли нӯшокиҳои спиртӣ ва истеҳсоли доруворӣ қисман ва пурра фаъолият накарданд. Қисме аз ин корхонаҳо иҷозатномаву маҳсулоти хом надоштанд ва қисми дигар бе фармоишгару харидоранд. Соли 2022 ин корхонаҳо бояд фаъолиятро пурра ба роҳ монанд,- мегӯяд мавсуф.
Афзал Юсуфзода гуфт, ки дар соли 2022 дар шаҳри Бохтар бунёди ҳафт коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ дар назар аст. Дар ин корхонаҳо истеҳсоли маҳсулоти макаронӣ, меваю сабзавот, қубур ва гӯгирд пешбинӣ гардидааст.
Ӯ афзуд, ки корхонаи истеҳсоли гӯгирд моҳи марти соли ҷорӣ ба истифода дода мешавад. Бунёди чунин корхона дар Осиёи Миёна собиқа надоштааст.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ