Дар Туркманистон «Дарвозаи дӯзах»-ро мебанданд

Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов дастур додааст, то гази сӯзони кӯраи Дарвозаро дар вилояти Дашоғуз, ки мардум онро “Дарвозаи дӯзах” меноманд, хомӯш кунанд. «Ӯ дар ин бора рӯзи ҷумъа, 7-уми январ дар ҷаласаи ҳукумат дастур дод»,- хабар медиҳад Turkmenportal.

Ба гуфтаи президенти Туркманистон, газе, ки аз замин берун мешавад, ба саломатии сокинони маҳаллӣ ва вазъи экологӣ таъсири манфӣ мерасонад.

Тавре Бердимуҳаммадов зикр кардааст, ин гази табиӣ беҳуда сарф мешавад, дар ҳоле, ки метавон онро ба хориҷа содирот намуд. Ӯ ба муовини нахуствазир Шаҳим Абдураҳмонов дастур додааст, ки роҳи хомӯш кардани кӯраро пайдо намоянд ва дар сурати зарурат олимонро ҷалб созанд.

Бояд гуфт, ки моҳи ноябри соли 2021 мақомоти Туркманистон тамошои «Дарвозаи дӯзах»-ро ба сокинони маҳаллӣ бидуни иҷозаи махсус манъ карда буданд.

Ёдовар мешавем, ки кӯраи Дарвоза соли 1971 дар ҷойи ҷамъшавии гази зеризаминй ба вуҷуд омадааст. Барои пешгирии заҳролудшавии одамон ва чорво, мақомот тасмим гирифтанд, ки газро оташ зананд. Тахмин зада мешуд, ки оташ пас аз чанд рӯз хомӯш мешавад, аммо сӯхтани газ 50 сол боз идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *