Бонки Ҷаҳонӣ ташаббуси Тоҷикистонро доир ба об эътироф мекунад

  Ченифер Сара мудири дафтари Бонки Ҷаҳонӣ оид ба захираҳои об имрӯз дар Симпозиоуми байналмиллалии «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт», дар шаҳри Душанбе гуфт, ки Бонки Ҷаҳонӣ Тоҷикистонро чун ташаббускори асосӣ оид ба таъмини об дар минтақа ва сарфаи оби тоза дар миқёси ҷаҳон эътироф менамояд.

Номбурда афзуд, ки имруз агар як қисмати сокинони сайёра аз об танқисӣ кашанд, қисмати дигар,  дар зери хатари об мебдошанд, бинобар ин бояд таъмини об дар сайёра мунсифона ва бо мудирияти ҷиддӣ ба роҳ монда шавад.

Ҳамчунин муовини раиси Шарокати ҷаҳонии об Алес Бенисес дар баромадаш қайд кард, ки агар ташаббуси даҳсол пеши Тоҷикистон оид ба «Даҳсолаи об барои ҳаёт» намебуд, ҳоло мо наметавонистем, дар ҷое ки ҳастем бошем ва мудирияти оби минтақа ва ҷаҳонро зери тасаллут дарорем, ки албатта дер мешуд. Ҳоло дар ҷаҳон қисме аз мардум, кӯдакон ва занон аз норасоии об танқисӣ мекашанд ва қисми дигар, ки дар канори об ҷойгиранд оби ғайриқобили истеъмол менӯшанд, ки ин хело бад аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *