Хизмати ҳарбӣ дарТоҷикистон якунимсола мешавад

Вазорати мудофиаи  Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи ислоҳот дар бахши низомӣ ба ҳукумати кишвар пешниҳод кардааст, ки муддати хизмати сарбозон дар артиш аз 2 соли ҳозира то ба 1,5 сол кам карда шавад.

Фаридун Маҳмадализода, сухангӯи Вазорати мудофиаи Тоҷикистон  гуфтааст, ки ин ниҳод пешниҳоди худро мабнӣ ба ислоҳоти бахши низомии кишвар ба ҳукумат ироа кардааст, ки муҳимтарини ин ислоҳот — коҳиши мӯҳлати хизмати ҳатмии сарбозӣ аст.  “Вазорати мудофиа ба Қонуни “Ӯҳдадориҳои умумии ҳатмӣ ва хизмати ҳарбӣ” тағйироту иловаҳо пешниҳод кардааст, ки поин бурдани мӯҳлати хизмати ҳарбӣ аз 2 сол то якуним сол аз ҷумлаи онҳост. Ҳоло ин пешниҳодот дар вазорату идораҳои Тоҷикистон баррасӣ шуда  сипас, ба ҳукумат ирсол мешавад”  гуфтааст Маҳмадализода.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *