Бокс намуди ғайриолимпӣ мешавад?
Кумитаи байналмилалии олимпӣ (КБО) дар фикри хориҷ намудани бокс аз барномаи Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 мебошад. Дар ин бора президенти КБО Томас Бах хабар додааст, иттилоъ медиҳад ТАСС.
Ба гуфтаи Бах, кумита аз вазъият дар Анҷумани байналмилалии бокс (AIBA) нигарон аст. Ҳоло иҷрокунандаи вазифаи президенти AIBA Ғафур Раҳимов мебошад, ки ба ин мақом пас аз силсилаи ҷобаҷокунӣ соҳиб шудааст ва ин ҳолат Кумитаи байналмилалии олимпиро ба ташвиш андохтааст. Бах изҳор кардааст, ки кумита нисбати раҳбарияти AIBA ба таҳқиқот шуруъ намудааст.
Чуноне ки ТАСС иттилоъ додааст, дар охири соли 2017 Чинг-Куо Ву, ки ба AIBA сарварӣ мекард, баъди айбдоркуниҳо дар бобати бад шудани вазъи молии ташкилот аз мақомаш истеъфо дод. Ӯро ноиби президенти анҷуман Франко Фалчинелли иваз намуд, вале ӯ аз ин вазифа зуд даст кашид.
Бокс ба барномаи Олимпиада аз соли 1904 дохил аст. То Бозиҳои олимпӣ дар Рио-де-Жанейрои Бразилия ба мусобиқот танҳо варзишгарони ҳаваскор роҳ дода мешуданд. Аз соли 2016 ба мубориза барои медалҳои олимпӣ варзишгарони ҳирфаӣ шуруъ карданд.
Ёдовар мешавем, Ғафур Раҳимов (Ғафур-бойбача), тоҷири маъруфи узбак, ки дар «рӯйхати сиёҳ»-и Вазорати молияи Амрико қарор дорад, ба курсии иҷрокунандаи вазифаи президенти Анҷумани ҷаҳонии бокс ё The International Boxing Association баъди он нишаст, ки рӯзи 27-уми январи соли равон Франко Фалчинелли аз мақоми президенти AIBA истеъфо дод.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ