Украина: Раҳпаймоӣ ва талаби истеъфои Президент

Ҳазорҳо нафар дар маркази Киев, пойтахти Украина бо талаби истеъфои президент Петро Порошенко раҳпаймоӣ анҷом доданд. Пулис рӯзи 4 феврал гуфт, ки эътирозро «Ҷумбиши Нерӯҳои Нав»-и сиёсатмадори мухолифи ҳукумат Михаил Саакашвилӣ созмон дод ва дар он ҳудудан 2,500 нафар иштирок кард. Аммо гузоришҳои маҳаллӣ мегӯянд, ки теъдоди эътирозгарон то 5000 нафар буд.

Худи Саакашвили дар муроҷиат ба ҷамъомадагон гуфт, ки ин эътроз оғози маъракаи «аз байн бурдани сохтори пӯсидаи фасодзада» аст. «Истеъфои Порошенко танҳо қадами аввал аст»,- афзӯд Саакашвили.

Таҳиягарони «Раҳпаймоӣ барои Оянда» ҳамчунин ба интихоботи пеш аз муҳлат ва таъсиси ҳукумати нав даъват карданд.

Онҳо қатъомаеро қабул карданд, ки ба эътирози саросарӣ дар Украина даъват мекунад. Таърихи баргузории тазоҳурот 18 феврал гуфта шудааст.

Пеш аз оғози раҳпаймоӣ наздик ба 2 ҳазор корманди идораҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар шаҳр мустақар шуд. Дар ҷараёни эътроз ҳодисае рух надод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *